Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » А. Азизӣ: «Ба мушкили муҳоҷирон таваҷҷуҳ кунед»

А. Азизӣ: «Ба мушкили муҳоҷирон таваҷҷуҳ кунед»

7-02-2020, 10:52
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
А. Азизӣ: «Ба мушкили муҳоҷирон таваҷҷуҳ кунед»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар мулоқот бо номзадҳои ҳизб ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба масъалаҳои мавриди ниёзи мардум, махсусан раванди муҳоҷират ва мушкилоти муҳоҷирон таваҷҷуҳи хос а нишон диҳанд.
Абдуҷаббор Азизӣ - муовини якуми Раиси ҲХДТ, 7 феврал вақти супоридани шаҳодатномаҳои номзадӣ ба 26 нафар намояндагони ҳизб, ки аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷиикистон бар асоси феҳрасти ҳизбӣ сабти ном шудаанд, зикр кард: «Акнун роҳ барои корҳои тарғиботии шумо боз мегардадад, бо мардум аз назик вохӯрда, бо мушкилот ва арзу ниёзҳояшон бештар ошно шавед».
Муовини якуми Раиси ҲХДТ шарҳ дод, ки бар асоси нақша ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ ба минтақаҳо рафта, барномаи амали ҲХДТ ва амалкарди худро дар доираи иҷрои он ба аҳолӣ мефаҳмонад. Зимни вохӯриҳо кӯшиш бояд кард, ки ба саволҳои интихобкунандагон, ба хусус, дар масъалаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои пурра ва қаноатбахш дода шавад.
Мавзӯъҳои нав кардани шиносномаҳо барои дубора сабти ном шудани симкортҳо, масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон аз мавзӯҳоест, ки албатта аз ҳар яки шумо мепурсанд. Дар ин робита ҷавобҳои мушаххас ва пурра бояд дошта бошед. Посухҳоятон ҳам дилпурона ва қаноатбахшбояд бошад.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ ёдовар шуд,ки «бисёре аз шумо бори аввал аст, ки дар рақобатҳои интихоботӣ иштирок мекунед, аммо вақти вохӯриҳо боҷасорат бошед, пас аз як - ду вохӯрии аввал дигар саволу ҷавоб бароятон осон мегузарад.
А.Азизӣ дар бахше аз суҳбати худ бо номзадҳо таъкид кард, ки муҳоҷирон ҳам як қишри фаъоли ҷомеаи мо мебошанд ва тавре ки Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ эълон кардааст, дар хориҷи кишвар дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 30 кишвар 39 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст ва шаҳрвандони мо ҳар куҷое набошанд, дар маҳали зисту фаъолияташон имкону шароити иштироки озодона дар интихоботро доранд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ ба ҳамаи номзадҳо дар маъракаи тарғиботӣ барори кору амал хоста, ин орзуро кард, ки дастҷамъона қӯшиш кунанд,то мардум бо он эътимод ва боварие, ки ба ҳизб дорад, намояндагонашро ҳам дар интихобот дастгирӣ намоянд ва шаҳодатномаҳои номзадие, ки имрӯз гирифтанд, н пас аз интихобот ба шаҳодатномаҳои вакилӣ иваз гардад. А. Азизӣ: «Ба мушкили муҳоҷирон таваҷҷуҳ кунед»
Чуноне дар вохӯрӣ ёдоварӣ гардид, дар ҳар кишваре, ки низоми демократиро интихоб карда бошад, ҳизбҳо кӯшиш мекунанд, сатҳи баланди рақобати сиёсиро таъмин намоянд ва дар кишвари азизи мо ҳам ин меъёр риоя мешавад. Бо оғози маъракаи тарғиботӣ майдони васеи баҳсу муколамаҳои сиёсӣ барои намояндагони ҳар яке аз 7 ҳизби сиёсӣ кушода шуда, дар доираи талаботи санаду меъёрҳои қонуни интихобот имконоту шароит барои таблиғот боз гардидааст. Тавре аз мушоҳидаи фаъолияти Ситоди марказӣ ва бахшҳои он дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ҳизби мо фаъолмандии баланд нишон дода, иқдомоти тарғиботии худро пеш мебарад, то таваҷҷуҳи овоздиҳандагонро ҷалб бештар намуда, иштироку баргузории шафофро таъмин кунад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: