Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯ ба интихобот

Рӯ ба интихобот

5-02-2020, 17:03
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Рӯ ба интихобот
Дар Ситоди марказии интихоботии ҲХДТ омодагиҳо ба ин маъракаи муҳим бар асоси нақша пеш меравад.
Ситод дар бинои КИМ ҲХДТ ба фаъолият оғоз намуда, аъзои он барои ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин мувофиқат кардани интихобот, таъмини шароити мусоид ҷиҳати иштироки номзадҳо, дар доираи қонунгузорӣ ошкоро ва демократӣ баргузор шудани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар лаҳзае, ки мо ба ситод омадем, шахсияти барои ҳамагон ошно, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода навбатдор буданд.
И. Косимзода аз бонувони собиқадор дар мақомот, соҳаи маорифу илми ҷумҳурӣ буда, дар гузашта раиси Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода буданд, аз соли 2016 то аввалҳои моҳи январи имсол вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд.
Бар асоси феҳрасти ҲХДТ ба вакилӣ пешниҳод гардида, ҳоло ҳамчун номзад барои иҷрои бахшҳои барномавии иштироки ҳизб дар интихобот фаъолона иштирок мекунанд.
Тавре муаллима гуфт, Ситоди интихоботӣ мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ба фаъолият оѓоз намуда, барои кумак ба номзадҳо, танзими иқдомоти ҳизбӣ ҷиҳати пешбурди корҳои тарѓиботӣ – ташвиқотӣ амал менамояд.
Навбатдорӣ дар Ситод аз сӯи номзадҳо, мақомот ва кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи марказӣ сурат мегирад. Ҳар як номзад дар поёни соатҳои навбатдории худ хулосаи амалкардҳояшро дар маҷаллаи махсус сабт менамояд.
Дар ҳар кишваре, ки низоми демократиро интихоб карда бошад, ҳизбҳо кӯшиш мекунанд, сатҳи баланди рақобати сиёсиро таъмин намоянд ва дар кишвари азизи мо ҳам ин меъёр риоя мешавад. Як моҳ пеш аз рӯзи баргузории ин тадбири муҳиммайдони васеи сиёсӣ боз буда, ҳар яке 7 ҳизби сиёсӣ дар доираи имконоту шароити фароҳамшуда, ба таблиѓот оѓоз намудааст.
Бино ба гузориши Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2020 аз тамоми ҳизбҳо 70 номзад пешбарӣ шудаанд, ки номзадҳои ҲХДТ бар асоси феҳраст аз ҳама бештарва 28 нафарро ташкил медиҳанд.
Тавре аз мушоҳидаи фаъолияти Ситоди марказӣӣ ва бахшҳои он дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ҳизби мо фаъолмандии бештар нишон дода, бо дарки мушкилиҳои рӯзмараба иқдомоти тарѓиботии худ оѓоз намудааст, то таваҷҷуҳи овоздиҳандагонро бештар ҷалб намояд, иштироку баргузории шаффофро таъмин кунад.
Толорҳои Ситоди марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ дар аввалин рӯзҳои пас аз кушоиш бо маҷмӯаи маводҳои марбут ба интихобот, маводи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ, китобу рисолаҳои вобаста ба тартиби пешбарии номзадҳо, нақшаи баргузории конференсия ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ҳисоботи оморӣ дар мавриди Рӯ ба интихоботаъзои ҳизб ва барномаи амали кормандони ҳизбӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дарбаробари ин, гӯшаҳои таблиѓотӣ низ тартиб дода шуда, бо маводи тарѓиботӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар чунин як гӯшаи оростаи Ситоди марказӣ, аз ҷумла, нашрияҳои расмӣ, ҳизбиву соҳавии «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Ҷумҳурият», «Садои мардум»ва«Ба қуллаҳои дониш»гузошта шудаанд.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон И.Қосимзода дар лаҳзаҳое, ки мо дар ситод будем, бо чанд нафар корафтодаҳо, ки бо масъалаи интихобот омада буданд, суҳбат карда, ба саволҳояшон посух доданд.
Муаллима дар вақти суҳбатба мо ҳам гуфтанд, ки мақсаду мароми ҳизб таъмини шароити фарогир барои иштироки ҳамаи овоздиҳандагон, мусоидат ба фароҳам кардани заминаи такмили муносиби қонунии иштироку овоздиҳӣ, аз ин тариқ, саҳм гузоштан дар шукуфоӣ ва боз ҳам ободонии кишвар мебошад.
- Мо кӯшиш менамоем, ки қишрҳои фаъоли ҷомеа – ҷавонон ва занонро зиёдтар ҷалб намоем, то онҳо бо масъулияти баланд дар баргузории ин маъракаи сиёсӣ азҳақи қонунии худ истифода кунанд. Мо, ҳама рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидем, ман худ дар солҳои вазнин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекардам. Шоҳид будам, ки чи тавр Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастии худро барои хидмат ба мардум бахшида, кишварро аз он сахтиҳо берун оварданд ва акнун ҳар шаҳрванд, аз ҷумла, мо бо иштироки фаъолонаи худ дар чунин як иқдоми тақдирсоз бояд барои ҳифзи суботу оромӣ саҳми худро гузорем,-таъкид кард ӯ.
Имрӯз дар ҳоле, ки ҷомеаи кишвар рӯ ба интихобот дорад, ҳама ҷо сухан аз ин маъракаи сиёсист. Дар ҳуҷраи кории Маҳмадулло Наимов – мудири шуъбаи тарѓиботӣ – таҳлилии КИМ ҲХДТ низ мо чунин як фазои кориро мушоҳида намудем. Ин мубаллиѓи масъулудонишманди ҳизбӣ дар суҳбат бо раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Фаррух Аловиддинов тасвия медод, ки ба омӯзишу тайёр намудани мушоҳидони миллӣ эътибор диҳанд, ки вақти интихобот аз амалҳои ѓайриқонунии овоздиҳандагон саривақт пешгирӣ намоянд, коре кунанд, ки ҳар раъйдиҳанда худ ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, овоз диҳад.
Ба гуфтаи сарвари ҳизбиёни Ҳисор, дар ин шаҳр 40 қитъаи овоздиҳӣ таъсис шуда, ки дар яке аз онҳо номзад ба таври худпешбарӣ сабти ном гардидааст. Дар шаҳр, кор барои таъмини 200 мушоҳиди миллӣ ва қариб сад таблиѓотчии ҷамъиятӣидома дорад. Вақти таъсиси гурӯҳҳои мушоҳидони миллӣ, Кумитаи иҷроия ва Ситоди интихоботии шаҳр ба собиқадорони ҳизб, фаъолон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» такя мекунад. Рӯ ба интихобот
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон якуми марти имсол баргузор мешавад. Дар он номзадҳои ҲХДТ ва афроди ба таври худпешбарӣ сабти номшуда,барои 63 курсии Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндагони дигар ҳизбҳо рақобат мекунанд.
Номзадҳои ҳизби мо дар суҳбату мулоқотҳояшон бо интихобкунандагон ба он таъкид мекунад, ки раъйдиҳандагон ба воқеият диққат диҳанд, нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф набошанд. Моҳияти ваъдаҳои беасосро аз ҳақиқати рӯз фарқ намоянд.
Дар ситодҳои интихоботӣ ба ин нукта ҳам таваҷҷуҳ мешавад, ки ташкил ва баргузории мулоқотҳо бо интихобкунандагон, қабули шаҳрвандон бевосита дар ситодҳо, баррасии муроҷиати онҳо, аз ҷумлаи корҳоест, ки ҳар номзад ба вакилӣ дар самти таҳкими қонунгузорӣ,таъмини робитаҳои устувори байни ҳизб, давлат ва ҷомеа, ҳамзамон, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон,албатта мусоидат хоҳад кард.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: