Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ-ро бо иштироки раиси ситод, муовин, ҳамоҳангсоз ва аъзои ситод баргузор намуд.
Дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ тасдиқи ҷадвали вохўрии гурўҳҳои таблиғотӣ ва номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, вазъияти феълии ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ, самаранокии фаъолияти гурўҳҳои тарғиботӣ ва мушоҳидони миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро раиси ситод-Сатториён М. бо баррасии масъалаи аввали рўзнома ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки омилҳои асосии пирўзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихобот, ин пеш аз ҳама, роҳу усулҳои ҳадафраси фаъолияти ситод, тақсими саривақтии вазифаҳо байни аъзои ситод, таҳлили дурусти вазъи сиёсии маҳалҳо, мунтазам шунидани ҳисоботи аъзои ситод, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботии инфиродии “Хона ба хона”, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва баргузории аксияҳо мебошанд.
Баъдан, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Б.Ғафуров доир ба фаъолияти ситоди пешазинтихоботӣ, иҷрои нақшаҳо, фаъолияти гурўҳҳои тарғиботӣ ва омода намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо гузориши муфассал доданд.
Доир ба масъалаи самаранокии фаъолияти гурўҳҳои тарғиботӣ ва мушоҳидони миллӣ, муовини раиси ситод Шарифзода А. баромад намуда, доир ба беҳтар намудани фаъолияти гурўҳҳои тарғиботӣ, баргузор намудани семинари омўзишӣ барои мушоҳидони миллии аз ҳисоби ҲХДТ таъйин гардида, иҷрои дигар вазифаву масъулиятҳо ибрози ақида намуд.
Ҷаласа барои шаффофу демократӣ гузаронидани интихобот дар назди аъзои ситод вазифаҳои мушаххас гузошт.
Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ имрўзҳо аъзои Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ сафарбар гардида, дар рафти бақайдгирии номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ кумаки худро расонида истодаанд.
Бо чунин мақсад чанде пеш намояндагони Ситоди пешазинтихоботӣ Эҳсон Исоев ва Олимҷон Норматов аз фаъолияти ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов»№ 6 ва участкаи интихоботии №24 дидан намуда, дар ҳамкорӣ бо номзадҳо ҳуҷҷатгузориҳоро ба расмият дароварданд.
Конибодом Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, узви ситоди интихоботӣ Маҳмудов Баҳодурҷон дар як вохўрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар Маркази саломатии деҳаи Раҷаб Ҳамробоев дар мавриди ҷараёни омодагиҳо ба интихобот, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оиди пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум суҳбат кард.
Дар идомаи мулоқот 16 нафар кормандони ҷавони Маркази саломатии мазкур, ки пештар барои узвият ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд.
Истаравшан Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан беш аз як ҳафта аст, ки ба фаъолият оғоз карда, ба қабули шаҳрвандон машғул аст. Он бо нақшаи корӣ, маводу китобчаҳои тарғиботӣ муҷаҳҳаз буда, дар таҳияи барнома ва маърўзаҳои номзадҳо барои мулоқот бо интихобкунандагон ёрӣ мерасонад. Аъзои ситод, инчунин,ҷиҳати т
дар сатҳи баланд баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тарғиби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шиору овезаҳои тарғиботиро омода намуда истодаанд.
Кормандон ва масъулини кумиҷроия кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки маъракаҳои сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монанд.
ЗафарободСитоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо роҳбарии Туйғун Шарифзода толореро барои қабул омода намуда,бо маводу таҷҳизоти тарғиботӣ муҷаҳҳаз кардаанд.
Ситод аз 27 аъзо иборат буда,инчунин, гурўҳи тарғиботиро иборат аз 40 нафар таъсис додааст. Бо ситоди мазкур, инчунин, як гурўҳи 9- нафараи аналитикӣ бо мақсади ба меъёрҳои амалкунанда баргузор намудани интихобот ҳамкорӣ мекунад.
Бохтар Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Хоҷагии ҷангали вилоят» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Н. Наҷидуллозода, Шукрона Нуруллозода, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он, воситаҳои тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор шуд.
Наҷидуллозода Н.В. зимни суханронӣ ба аҳли нишаст оид ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои солҳои 2020-2025-ро муайян кардааст, изҳори назар намуд.
Ў таъкид кард, ки КИ ҲХДТ тарғиби ин самтҳо аз нукоти муҳим дар фаъолияти ситоди пешазинтиъхоботии ҳизб аст, ки чанде пеш ба кор оғоз намудаву мақсад дорад ба фаъолияти судбахши номзадҳо ва таъмини иштироки васеи интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳим мусоидат кунад.
Аъзои Ситод ба номзадҳо тавсия медиҳанд, ки вақти таҳияи матни барнома ва маърўзаҳои худ, инчунин, дар суҳбату вохўриҳо бо интрихобкунандагон ба барномаҳои мақсадноки дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки ба имконияту захираҳои мавҷуда асос ёфта бошанд, хусусиятҳои минтақавии кишварро дар бар гиранд, барои амнияти иқтисодӣ мусоидат намоянд, такя дошта бошанд.
Дар ситоди интихоботӣ итминон доранд, номзадҳо ва интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ барои иҷрои таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аст, мусоидат мекунанд.
ТемурмаликҶиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №2” вохўрӣ намуданд.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар мулоқот дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 4 декабри соли 2019, аҳамияти интихобот, нақши ҳар шаҳрванд дар баргузории ин маъракаи муҳим сухан гуфтанд.
С.Юсуфов