Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ

ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ

5-02-2020, 17:11
Хабарро хонданд: 580 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ
Соли 2020 барои мардуми кишварамон чандин маъракаҳои сиёсии муҳим дар пеш истодааст, ки яке аз онҳо баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъала дар Паёми имсолаи Роҳбари давлатамон ба таври хеле муъҷазу мантиқӣ баён гардида, аҳамияту арзиши он аз чандин дидгоҳ баррасӣ гардид. Таърихи онро Пешвои миллат бевосита дар Паём таъкид намуданд, ки боз ҳам ҷиддияти комил доштани ин маъракаи муҳими сиёсиро нишон медиҳад: «Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рўзи 1 марти соли 2020 таъйин шуд». Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад». Яъне, дар ҳар як муҳлату давраи муайян бо интихоботи умумихалқӣ вакилон барои муҳлати нав интихоб мегарданд.
Дар ҳақиқат, интихобот ин ифодаи иродаи халқи мост, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон самтҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии ватани моро маълум намудаанд, ки он ҳама дар партави сиёсати демократии роҳбарияти олии кишвари мо қарор гирифтаанд. Ҳама интихобот дар ҷумҳурии мо бо ҳузури мушоҳидону нозирони зиёди байналхалқӣ ва намояндагони кишварҳои зиёди ҷаҳон барпо гардидаанд, ки шаффофу демократӣ гузаштани онро аз минбарҳои мухталиф изҳор ҳам кардаанд. Интихобот ҳеҷ гоҳ дар таърихи соҳибистиқлолии мо як маъракаи маҳдуда (ба истиснои солҳои 1990-1991) набуд ва мо тавонистем ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки дар Тоҷикистон дар мутобиқат бо муқаррароту меъёрҳои демократии ҷаҳони муосир сурат мегиранд. Ин нуқтаро дар Паёми имсола низ Президенти кишварамон изҳор доштанд, ки «ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».
Дурусту одилона ба роҳ гузоштани интихобот барои ҳар як кишвари ҷаҳон шарти аслии рушду инкишоф ва суботи он мебошад. Дар ин раванд чандин омилҳо вуҷуд доранд, ки сарфи назар кардани онҳо тирагии фазои сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ташкили тарзи нодурусти интихобот ва мавҷуд набудани фазои созандаву ҳамгироӣ боиси ихтилофу даргириҳо мешаванд, ки ин таҷрибаи талхро он як маротиба халқи тоҷик аз сар гузаронидааст. Интихобот ба бозии сиёсии манфиатҷўёна табдил ёфта, муҷиби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гашта буд, ки ин ҳодисаи нангинро низ Роҳбари давлатамон махсус таъкид намуданд: «…ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оѓоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.»
Дар кишвари демократӣ меҳвари аслӣ халқ аст ва дар такя ба марому ниёзҳои пешгузошташудаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ собит гардиданд. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро мебинад. Яъне, ин мавқеъ ва меҳварро пеш аз ҳама Конститутсияи кишвари мо муайян менамояд, ки ин нуқта низ ба таври хеле сареҳу возеҳ дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат қайд гардид: «Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.»
Дар назди қонун ва умуман нишондоди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади олии қонунгузории кишварамон мебошад, ҳама баробарҳуқуқанд ва ҳеҷ гоҳ ба ягон ҳизбу гурўҳи сиёсӣ имкон дода намешавад, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро дар раванди интихобот поймол намояд. Таҳдиду фишор ва дигар омилҳои манфӣ ҳеҷ гоҳ аз манфиати як ҳизбу гурўҳ пуштибонӣ карда наметавонанд. Роҳу усулҳои иҷборӣ аз ҷониби ягон ҳизбу гурўҳ дар интихоботҳои кишвари мо ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва оянда низ нахоҳад дошт. Ин нуқта низ дар Паём махсус зикр карда шуд: «Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зўран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.»
Як падидаву мушоҳида мавриди таъкид аст, ки дар тамоми интихоботи баргузоргардида шаҳрвандони мо пурмасъулияти худро зоҳир намудаанд. Бо иштироки васеи шаҳрвандон баргузории тамоми интихоботҳо қонунӣ эътироф шудаанд. Ин пеш аз ҳама фазову муҳити созанда ва ҳамдигарфаҳмии мост, ки он натиҷаи сиёсати ваҳдатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Масъалаи интихоботи вакилони парлумонӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳалливу ҷамоатҳо аз ҷониби Сарвари давлат бо оҳанги хитобу даъвати махсус баррасӣ гардид, ки ин гувоҳи дар рўҳияи демокративу озод баргузор гардидани ин маъракаи муҳимро собит менамояд. Даъвати Роҳбари давлат бештар ба онҳое нигаронида шуда буд, ки дар ин маъракаи муҳим чун ашхоси масъул вазифаҳои муҳимро ба дўш мегиранд. Ба гумони мо, ин даъват пуштибонӣ аз озодии интихоботи мазкур мебошад: «Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.»
Парлумон ва умуман маҷлисҳои маҳалливу ҷамоатҳо доираҳое мебошанд, ки онҷо бояд ҳуқуқу манфиатҳои халқ дар мадди назар қарор дошта бошанд. Таҳияи қонунҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ водор менамоянд, ки дар ин доираҳо ашхосе бояд пазируфта шаванд, ки ҷахонбиниҳову донишҳои амиқ дошта бошанд. Махсусан, парлумон бояд ҷое бошад, ки болотару фарогиртар аз дигарон тору пуди масъалаҳои марбутаро сарфаҳм равад. Дар онҷо бояд ашхосе чун вакил пазируфта шаванд, ки соҳибдонишу соҳибвиҷдон бошанд. Ин ҷиҳат низ дар Паёми имсола ба таври хеле ҷиддӣ аз ҷониби Президенти кишварамон ишора гашт: «Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрўманд ва ватандўсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.»
Дар маҷмўъ, метавон гуфт, ки як ҷузъу қисмати муҳими Паёми имсола интихоботи дар пешистода мебошад. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатсози худро бо баёни чанд нуқта дар мавриди интихоботи дар пешистода зоҳир намуданд. Манфиати халқи тоҷик дар ин чанд нуқта сароҳатан баён гардид. Ин аз ҳамаи мо шаҳрвандон ва ашхоси масъул тақозо менамояд, ки муносибати ҷиддии худро нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ зоҳир намоем. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуби мо мебошад.
Фахриддин Қутбиддинзода,
иҷрочии калони хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: