Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ!

6-04-2017, 12:46
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБОТ  ИФОДАИ  ОЛИИ  ҲОКИМИЯТИ  ХАЛҚ!

Мардуми тоҷик ҳанӯз соли 1994 дар санади олии ҳуқуқии худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқро ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати эътироф намуда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, ки интихоботро ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ эътироф намудааст.

27 марти соли 2017 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби интихобкунандагони шаҳракҳои №91 ва №92 ноҳия вохурӣ бо номзадҳо ва шахсони бовариноки онҳо ба вакилии Маҷиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №4 баргузор гардид, ки дар кори он Асозода Мусо раиси Комиссияи интихоботи №4 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Файзуллозода Заррина- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ҳайати кормандони Кумита, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ва дигар ашхоси расми иштирок намуданд.

Нахуст Асозода Мусо оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия ибрози назар намуда, номзадҳо ва шахсони бовариноки онҳоро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин мавсуф доир ба нақшу иштироки ҳар як интихобкунанда дар рӯзи баргузории интихобот таъкид намуда, иброз дошт, ки фаъолона иштирок намудан аз ҳар як интихобкунанда масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, зеро ӯ бо райъи худ ба ҷонибдории номзади арзандааш иродаи сиёсии худро ҳамчун иштирокчии равандҳои сиёси ҷомеа нишон медиҳад ва иродаи сиёсии худро бо райъаш месупорад ва дар қабули санадҳои муҳиму созандагӣ саҳмгузор мегардонад.

Дар идомаи вохурӣ бо интихобкунандагон номзадҳо ва шахсони бовариноки онҳо суханронӣ намуда доир ба накшаву самтҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии хеш ҳозиринро огоҳ намуданд.

Дар фарҷом дар фазои гуногунандешии сиёсӣ аз ҷониби интихобкунандагон саволу ҷавоб ва баромадҳои судманд доир гардид.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: