Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ихвон-ул-муслимин»-тавлидгари ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу идеологӣ

«Ихвон-ул-муслимин»-тавлидгари ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу идеологӣ

5-02-2020, 09:20
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
«Ихвон-ул-муслимин»-тавлидгари ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу идеологӣ
Чанд рӯз қабл Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз боздошти як гурӯҳи муайяни пайравон ва ё аъзои ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» (дар Тоҷикистон мамнуъ) хабар дод. Бино ба иттилооти расмӣ, гурӯҳи боздоштшуда 113 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби мақомоти қудратии мамлакат, бо ҷурми пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» дастгир ва ба ҳабс равона карда шудаанд. Гуфта мешавад, аз ин шумора 20 нафарашон кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ду нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.
Мавзӯи боздошт шудани пайравони чунин як гурӯҳи ҷангҷӯву ифротӣ дар сархати расонаҳои дохилу хориҷи мамлакат қарор гирифта, миёни ҷомеа сару садоҳоеро низ ба миён гузоштааст. Дастгир ва ба ҳабси пешакӣ равона кардани 113 нафар бо ҷурми пайравӣ аз чунин як гурӯҳи ҷиноятӣ як тарафи масъала аст, самти дигари он чи гуна роҳ ёфтани ақоиди ифротгаро ба шуур ва зеҳни баъзе аз нафарон, хосатан чеҳраҳои илму маърифат аст, ки дар зимн миёни ҷомеа саволҳои зиёдеро бе посух гузоштааст. Маҳз бо ҳадафи шинохти чеҳраи воқеии «ихвониҳо» ва таърихи роҳ ёфтани назароти онҳо ба минтақаву ҷомеи тоҷик, пайгири ин мавзӯъ шудем ва дар доираи он суҳбате доштем бо Исомиддин Шарипов, мутахассиси Маркази «Оянданигарӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Ихвон-ул-муслимин» созмони мазҳабӣ-сиёсиест, ки ҳанӯз моҳи марти соли 1928 аз тарафи муаллим Ҳасан ал-Банноъ дар Миср ташкил шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ созмони мазкур чандин амалиётҳои бузурги террористиро ба анҷом расонидааст. Ҳанӯз соли 1954 баъд аз қасди номуваффақ ба ҷони президенти собиқи Миср Ҷамол Абдул Носир фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» манъ карда шуд.
-Таърихи пайдоиши ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» аз кай маншаъ мегирад ва аслан барномаи фаъолияти он дар кадом доира тартиб ёфтааст?
- Ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар соли 1928 аз тарафи Ҳасан ал-Банноъ ташкил ёфта, баъдан бародарон Саид қутбу Муҳаммад Қутб низ аз ин равия пайравӣ карданд. Вақте дар бораи идеологияи ин гурӯҳ ҳарф мезанем, бояд тазаккур дод, ки «Ихвон-ул-муслимин» чун дигар ташкилоти байналмилалии террористии динӣ ҳадафи бунёди давлати ягонаи фаромиллӣ дорад, ки мувофиқ ба стратегияи он давлати хаёлии онҳо бояд аз Испания то ба Филиппину Индонезияро фарогир бошад. Яъне, дар заминаи ин идеология давлат бояд миллӣ набошад, балки давлати фаромиллӣ ва танзими тамоми умуми иҷтимоиву сиёсӣ бояд шариатӣ бошад. Ин бар он маъност, ки бояд давлатҳои дунявию миллӣ куллан аз байн бурда шаванд.
- Дар ин сурат, миёни ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар гурӯҳҳои идеологиву террористӣ, ки гуё ихвониҳо аз ҷиҳати сохт ва ҳадаф аз дигар созмонҳои террористии динӣ фарқ доранд, чӣ тафовут мемонад?
- Бунёдан он ақидаву назароте, ки «Ихвон-ул-муслимин» дорад дигар ҳаракатҳои экстремистиву идеологӣ низ ҳамин даъворо доранд, на чизи дигар. Ҳамон фундаментализме, ки «Ихвон-ул-муслимин» пайгирӣ менамояд, ҳамонро дигар ҳаракатҳои исломӣ аз ҷумла; «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳҳобия» ва ғ. пайравӣ мекунанд. Хуб, рамзҳо баёнкунандаи фаъолияти муташаккила ҳастанд. Вақте мо ба рамз ё нишони «Ихвон-ул-муслимин» назар меафканем мебинем, ки дар он китоб рамзи муқаддаси Қуръон аст, истилоҳе бо ибораи «Омода бошед!» феъли фармоишӣ ва расми ду шамшер вуҷуд доранд. Андеша кунем болои ин се рамз, Қуръон ҳамчун китоби муқаддаси тамоми мусалмонон аст, ки он қобили қабул аст, аммо ду шамшер рамзи ҷанг ва ҷиҳод мебошад, ибораи «Омода бошед!», ки дар нишон бо ҳуруфоти арабӣ дарҷ шудааст, амр аст. Аз ин бармеояд, ки идеологияи ин ҳаракат мубаллиғи ҷанг мебошад.
Муҳаққиқон яке аз усули корӣ ва ё пиёдасозии идеологияи ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин»-ро усули «қадам ба қадам» ном мебаранд. Мушаххасан мегуфтед, ки ин чӣ усули хос аст.
Усули «қадам ба қадам», ин давра ба давра исломӣ кардани ҷомеаҳо мебошад. Тибқи барнома, дар навбати аввал ташкили ячейкаҳои алтернативӣ ва ниҳодҳои худ дар ҳама кишварҳои мусалмониву аҳолии мусалмондошта, баъдан, тарғиби илмҳои теологӣ, яъне ҷаҳонбинии осори динидошта ва баъдан, ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву ҷамъиятӣ. Инчунин, дар ниҳоят исломикунонии ҷомеа аз табақаҳои болоии ҷамъиятӣ ва қатли шахсиятҳои муқобил бар ақидаву назароти онҳо маънидод мегардад. Дар чунин ҳолат, ба хулосае метавон расид, ки «Ихвон-ул-муслимин» ду марҳила дорад, яке оҳиста-оҳиста, гуё тариқи осоишта вориди ҷамъият шудан ва дигаре тариқи ҷиҳод. Шиори дигаре, ки ин гурӯҳи идеологӣ ба худ касб кардааст, он ҳам «Ислом роҳи ҳал аст», ин ибора бори дигар собит месозад, ки назару андешаи онҳо куллан ифротӣ мебошад. Мувофиқ ба ин шиор, пайравони «Ихвон-ул-муслимин» дигар назареро қабул надоранд ва бояд ҳамаи чиз бо роҳи исломӣ ҳал карда шавад. Хуб бошад, ки нафаре эътиқодманд аст ва бигзор бошад, аммо дар чунин давру замон метавон ҳама чизро бо як роҳ ҳалу фасл кард. Дар ҳоле, ки ҳама мушкили инсониро илм ҳаллу фасл менамояд.
- Мо аз амалҳои терористии содиркардаи ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» аз замони зуҳур то ба ин дам, ки яке аз онҳо дар солҳои 40-уми қарни гузашта қатли сарвазири Миср ва таи солҳои 2012 аз сари ҳокимият канор рондани президенти вақти ин кишвар огоҳӣ дорем. Ба андешаи шумо, бузургтарин ва мудҳиштарин амалҳои ҷиноятиву экстремистии ин ҳаракат кадомҳо мебошанд?
Ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар тули мавҷудияти худ амалҳои террористии зиёде содир кард, аз ҷумла: қатли сарвазири Миср дар соли 1948, иштироки пайравони он дар ҷангҳои арабу Исроил, иштирок дар инқилоби солҳои 1952-и Миср, таи солҳои 2012-2013 аз сари қудрат барканор кардани президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ва ғайра. Амали нангини дигаре, ки ин ҳаракат содир кард, аз байн бурдани зиёда аз 750 бинои хусусияти дунявидошта, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, клубҳои шабона, театрҳо ва амсоли онҳо мебошад. Шиори дигари размандагони ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин», ин «Худованд ҳадафи мо, пайғамбар улгуи мо, Қуръон қонуни мо, ҷиҳод роҳи мо ва марг дар роҳи Худо орзуи мо» мебошад. Мо қисматҳои аввали ин шиорро канор мегузорем, аммо он масъала, ки «…ҷиҳод роҳи мо ва марг дар роҳи Худо орзуи мо» пас ин ҳаракат аз дигар созмонҳои террористиву экстремистии динӣ ба монанди ДИИШ чӣ фарқе дорад? Дар ин сурат, миёни инҳо ҳеҷ тавофуте вуҷуд надорад.
- Таърихи роҳ ёфтани ақидаҳои ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ба минтақаи Осиёи Марказӣ, хосатан ҷомеаи тоҷик аз кадом давра маншаъ мегирад?
- Ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» таи солҳои 60-70 қарни гузашта бо ташкили ячейкаҳои худ миёни ҷомеаи Иттиҳоди Шуравӣ пайдо шуд. Дар аввал, ин гурӯҳ гуё корҳои ахлоқӣ анҷом медод, аммо вақт собит кард, ки он асосгузор ва заминагузори якчанд ҳизби сиёсии динӣ мебошанд, аз қабили Ҳизби исломии ӯзбекистон, Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Астрахан ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон. Ҳатто гурӯҳҳои иштирокчӣ дар ҷангӣ Чеченистон ба муқобили русҳо ва воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар ҷомеаи мо, ки дар зимн, оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон фурузон кард, бар мегардад ба ҳамон ихвониҳо, ки дар солҳои 60-70 вориди ҷомеаи Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буданд. Имрӯз ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар зиёда аз 70-давлати дунё нақл гузоштааст.
- Дар иттилооте, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба боздошти 113 нафар бо ҷурми пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» оммавӣ кард, зикр карда мешавад, ки аз ин шумора, 20 нафарашон кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара будаанд. Ин чӣ дому найранг аст, ки ҳатто соҳибқаламону ба қавле чеҳраҳои илмӣ туъмаи он шудаанд?
- Дар ҳамон методи «қадам ба қадам», ки ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» пешаи худ кардааст, яке аз он таъсиррасонӣ ба макотиби оливу миёна мебошад. Худи ҳамин саркардагони ҳаракат пас аз куштори сарвазири Миср дар солҳои 50-уми қарни гузашта фаъолияташон мамнуъ эълон карда шуда, аз ин сарзамин канор рафтанд ва аксари он Арабистони Саудиро макон ихтиёр карданд. Аксари инҳо дар Саудӣ ба ҳайси муаллим ба фаъолият пардохтанд. Чи гунае дар боло зикр кардем, методи дигари инҳо аз боло сиёсикунонии ҷомеа мебошад. Услуби аслии фаъолияти кории «Ихвон-ул-муслимин» бо мағзҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ, инчунин, нафарони таъсиргузор ба ҷамъият кор гирифтан аст, то бо ин роҳ зудтару содатар ба ҳадафҳои худ расидагӣ намоянд.
- Воқеан ҳам, сиёсати корӣ ва ё барномаи фаъолияти ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин»-ро мо ҳамчун амалия дар тӯли мавҷудияти ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ мушоҳида кардем, пас аз як сарчашма маншаъ гирифтани ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳақиқат дорад?
Барномаи кории ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ҳеҷ тафовуте надорад. Наҳзатиҳо низ дар тули фаъоияти худ, аз замони бозсозии Горбачёв аз усули «қадам ба қадам» истифода карданд. Дар солҳои аввали фаъолият ба тарғиби адабиёти динии ифротӣ шурӯъ карданд ва замоне имкон ёфтанд ба ҷиҳод даст заданд, ки он замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ низ чун ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ду чеҳра дорад, дар зарурат чеҳраи оромишписандро касб менамояд, аммо вақте ба марҳилаи ҷангӣ мегузарад, аз услуби ДИИШ кор мегирад. Пас аз расидан ба созишномаи истиқрори сулҳ наҳзатиҳо боз ҳам аз услуби «қадам ба қадам» истифода карданд, аммо бо пеш омадани вақти зарурӣ дар соли 2015 боз хостанд тавассути ташкили бенизомӣ ҳокимиятро ба даст оваранд, аммо, хушбахтона, дар ин амал комёб нашуданд. Оё дар чунин ҳолат миёни ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» фарқе вуҷуд дошта метавонад? Бубинед, имрӯз наҳзатиҳо дар Аврупо аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, ихвониҳо низ ҳамингуна иддао доранд, ки гуё аз демократия кор мегиранд, аммо вақте ҳокимият ба дасташон афтод, куллан зидди гуфтаҳову ваъдаҳои худ амал мекунанд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: