
Панҷ. Имрӯзҳо зуҳуроти даҳшатафкани терроризму экстремизм мардуми сайёраро ба хатарҳои азим рӯ ба рӯ намуда истодааст ва дар ҳамаи гӯшаю канори даҳр бонги изтиробро ба вуҷуд овардааст. Ин хатарҳои азим, алалхусус дар кишварҳои мусулмоннишин бештар зуҳур карда, ҳазорон ҳазор одамонро бе хонаю дар, сарсону саргардон ва ҳатто ба коми марг кашидаанд. Ҳамарӯза дар сайёра теъдоди одамоне, ки аз дасти террористону экстремистон қурбон мешаванд, афзуда истодааст.
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Ҳизбут-таҳрир», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва монанди инҳо барои дилхоҳ ҷомеаи солим вазифаи асосӣ дониста мешавад. Маҳз ба ҳамин мақсад, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд ва ин гурӯҳи корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо намояндагони сершумори аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон мулоқоту ҷамъомадҳо оростанд. Масъалаҳое, ки гурӯҳи корӣ дар назди мардум баррасӣ намуданд, аслан «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористию экстремистӣ», «Тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги либоспӯ шии миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ дар ин ҷода», «Рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошанд.
Т.Ҳошимов.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.