Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИЗҲОРОТИ раёсати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“

ИЗҲОРОТИ раёсати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“

23-08-2018, 07:53
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
ИЗҲОРОТИ раёсати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“
Дар ҷаҳони муосир баробари таҳаввулоти илму техника ҳастанд ҷараёнҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз эҳсоси динии мардум афкори онҳоро ба манфиати шахсии ин гурӯҳҳо истифода баранд.
Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия» ҳамкории зич доранд.
Баъди тамошои филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“ ба чунин хулоса омдем, ки агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.
Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Ф. Аминов, муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ
М. Темурова, мудири шуъбаи тарбия
Ф. Бобокалонов, мудири шуъбаи таълим, номзади илмҳои аграрӣ
З.Акрамова, мудири шуъбаи илм, номзади илмҳои иқтисодӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: