Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

28-01-2020, 10:22
Хабарро хонданд: 517 нафар
Назарҳо: 1
Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Акс аз съезди ҲХДТ: Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон

Имсол дар Тоҷикистон ду интихобот – Интихоботи порлумонӣ (1 март) ва президентӣ (ноябр) баргузор мешаванд, ки бори аввал аст кишвари мо дар як сол ду интихоботро баргузор мекунад. Аз нигоҳи таҷрибаи сиёсӣ имсол бояд сиёсатарин соли Тоҷикистон бошад ва аҳзоби сиёсиву дигар гуруҳҳои машруъи сиёсӣ бо шӯру шавқе бепешинае дар майдон бошанд. Аммо чунон, ки ба назар мерасад бар асари набуди шароити баробари рақобат ва муборизаи сиёсӣ ва ҳузур надоштани ҳизбҳои воқеан даъвогари курсиҳои порлумониву қудрати сиёсӣ нақши интихоботҳоро камранг кардаанд, ки фазои интихоботӣ чандон гарму доғ ба назар намерасад. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон пайкорҳои интихоботии қобили мулоҳизае ба роҳ намондаанд, аз имконоти фанновариҳои замони муосир – расонаҳои нав, шабакаҳои иҷтимоӣ, имконоти чандрасонаӣ тақрибан то кунун истифода накардаанд ва ҳатто сайтҳои интернетиву расонаҳои суннатии фаъол низ надоранд.

Дар назарияи рӯзноманигорӣ расонаҳои ҳизбӣ ҷузъи низоми расонаӣ буда, қисмати муҳимми журналистикаи сиёсӣ мебошанд. Хусусан ин расонаҳо дар кишварҳое, ки дар воқеъ низоми бисёрҳизбӣ нишондиҳандаи демкоратӣ будани давлат аст, таъсири амиқе доранд. Дар кишварҳое, ки парламентаризм (маҷлисмеҳварӣ) ба унвони як шохаи қудрат арзиши воқеӣ дорад ва нақши аҳзоб дар равандҳои сиёсӣ муассир аст, расонаҳои ҳизбӣ дар сохтани афкори умумӣ ва фазои хабарӣ хеле пешсафанд. Ҳарчанд дар оғози солҳои 90-ум ва ибтидои истиқлол матбуоти ҳизбӣ яке маъруфтарин расонаҳои хабарсоз буданд. Аз ҷумла нашрияҳои “Адолат” (Ҳизби демкорат), “Наҷот” (Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ) ва ғайра.

Ҳоло дар Тоҷикистон расонаҳои ҳизбӣ мисли дигар расонаҳои ғайридавлатӣ гирифтори буҳронанд. Аксари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз расонаҳо танҳо нашрия доранд. Ҳоло нашрияҳои ҳизбӣ на танҳо абзори созмони сиёсӣ нестанд, ҳатто наметавонанд василаи худмуаррифии созмонҳои ҳизбӣ бошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аҳзоб интернетро низ барои муколама ба мухотабони билқува (патенсиалӣ) истифода намебаранд, ҳарчанд ин шева барои ҳизбҳои қашшоқи Тоҷикистон камхарҷтар мебошад.

Мувофиқи моддаҳои 10-и қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва 7-и “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳизбҳои сиёсӣ (ҳизбҳои машруъ) ҳақ доранд “нашриёт ва васоити ахбори оммавиии худро таъсис диҳанд”. Ҳарчанд қонунгузорӣ доштани расонаҳои дигар – радио ва телевизионро манъ накардааст, аммо то кунун ҳеч ҳизби сиёсие талоши ташкил кардани инҳоро накардааст. Танҳо бо таъсиси нашрияҳо қаноат кардаанд.

Матбуоти ҳизбии Тоҷикистон чӣ менависанд?

Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ расман фаъоланд:

Ҳизби халқӣ-Демократии Тоҷикистон
Ҳизби Демократии Тоҷикистон
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон


Ин ҳизбҳо нашрияҳои худро низ таъсис доданд ва танҳо нашрияи сотсиалдемкоратҳо, ки бо номи “Сотсиал-Демкорат” номнавис шуда буд, ҳеч гоҳ нашр нашуд ва ин ҳизб далелашро мушкилоти молӣ арзёбӣ мекунад. Нашрияҳои ҳизбҳои дигар низ камфаъол буда, ба ҷуз ҲХДТ аксарияти онҳо моҳнома ва қисме ҳам гоҳномаанд. Расонаҳои ҲХДТ дар бозори итилоотии Тоҷикистон хеле фаъоланд.
Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои кишвар, акс аз саҳифаи ҲХДТ дар Facebook

Ҳизби ҳокими ҳоло 11 нашрия дорад. “Минбари халқ” – нашрияи марказии ҳизб. “Мароми пойтахт” нашрияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, “Сухани халқ” нашрияи вилоятӣ дар Суғд, “Ҳамрози халқ” нашрияи вилоятӣ дар Хатлон. Дар ВМКБ ҳизб нашрия надорад. Ба ҷуз ин ҲХДТ нашрияҳои дигаре дар шаҳру навоҳии кишвар дорад: “Нигоҳи халқ” (Мастчоҳ), “Фарвардин” (Панҷакент), “Садоқат” (Бӯстон), “Шафақ” (Хуҷанд), “Афкори халқ” (Истаравшан), “Ҳидоят” (Турсунзода), “Садои халқ” (Шамсиддини Шоҳин) дорад.
Тамоми нашрияҳои ҲХДТ аз тариқи обуна, бештар дар миёни кормандони буҷавӣ ва дигар корхонаву ширкатҳо паҳн мешаванд. Аз ҷумла “Минбари халқ” яке аз сертиражтарин ҳафтномаҳои Тоҷикистон аст, ки айни замон бо 16 саҳфа 64 484 ҳазор нусха нашр мешавад. Ин теъдоди нашр барои нашрияҳои мустақил гӯшношунид аст, ки ҳоло чизе дар ҳудуди ду-се ҳазор тираж доранд.

“Минбари халқ” аз сатҳи як нашрияи ҳизбӣ фаротар рафта, бештар ҳамчун як нашрияи сатҳи ҷумҳурӣ вориди фазои иттилоотӣ шудааст. Дар нашрия, ки бештар хосияти таблиғотӣ дорад, ҳамчунин баъзе мушкилоти дувуму севумдараҷаи кишвар низ матраҳ мешаванд. Аммо як ҷанбаи асосии кори ин нашрия нашри матолиби интиқодӣ нисбат ба мухолифини берун аз низом, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсие, ки Тоҷикистон онҳоро террористӣ ва ифротгароӣ эътироф кардааст ва ҳамчунин бархе мунтақидону озодандешон мебошад.
“Коммунисти Тоҷикистон” – нашрияи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш бо муттаҳид кардани нашрияҳои пешинаи ин ҳизб – “Нидои ранҷбар”, “Голос Таджикистана” ва “Коммунист узви” таъсис шудааст. Ҳоло дар як моҳ як бор бо теъдоди 2000 нусха нашр мешавад ва саҳифаҳои русиву узбакӣ низ дорад. Ба гуфтаи масъулони ҳизб дар арафаи интихобот теъдоди нашраш бештар мешавад ва моҳе як ду бор ба табъ мерасад.
“Меҳргон” – нашрияи Ҳизби Агарарии Тоҷикистон. Асосан моҳнома аст ва баъзан дар ду-се моҳ як бор нашр мешавад. Моҳи декабри соли 2019 ғайриинтизор ду бор нашр шудааст. Теъдоди нашраш 2000 нусха.

“Иттиҳод” – нашрияи Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон. Гоҳнома аст. Соле 4-5 нусха ба нашр мерасад. Теъдоди нашраш 2000 нусха, дар арафаи интихобот то 3000 нусха ҳам ба табъ мерасад.

“Иқтисод ва ҳаёт” – нашрияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Як соли охир ба нашр нарасидааст. Далелашро масъулони ҳизб мушкилоти молиӣ мегӯянд. Ба иқрори масъулони баландпояи ҳизбҳар вақте, ки сармоя пайдо шавад нашр мекунанд, агар наёфтанд намекунанд.

“Адолат” – нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон. Замоне яке аз маъруфтарин нашрияҳои сиёсии Тоҷикистон буд. Баъди солҳои 2000 ҳизб борҳо талош кард, ки онро фаъол кунад, вале баъди нашри чанд шумора дигар ба табъ нарасид. Солҳост, ки нашр намешавад. Раиси ин ҳизб дар як мусоҳиба гуфта буд, ҳизб аз ин ки нашрияи худро дошта бошад, ба нашри назару мавзеъи ҳизб ва мақолаҳо дар расонаҳои дигар бартарӣ медиҳад.
Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои кишвар, акс аз саҳифаи ҲХДТ дар Facebook
Вазъи ногувори матбуоти ҳизбӣ танҳо дар сохтор ва роҳандозии онҳо нест, балки мазмуну муҳтавои нашрияҳои ҳизбие, ки ба таъбире “ба зӯр чоп мешаванд” ҳам аз нигоҳи касбӣ хеле поин мебошанд. Зеро дар ин расонаҳо рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва соҳибном кор намекуннд. Аз усулҳои нави журналистӣ, шаклу шеваҳои ороишу банду басти муосир истифода намекунанд. Ин расонаҳо бештар ахбори қолабии ҳизбӣ, матлабҳои марбут ба фаъолияти ҳизб ва матолиби камтар дархӯри замонро нашр мекунанд. Вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар дар ин нашрияҳе хеле кам мавриди баҳс қарор мегирад. Бархе аз ҳизбҳое, ки расонаи худро надоранд, нашрияҳои дигарро “ба иҷора” мегиранд. Аз ҷумла Ҳизби демократ имсол дар арафаи Анҷумани ғайринавбатии худ нашрияи “Истиқлол”-ро, ки худ солҳо нашр нашудааст “ба иҷора” гирифта, эълону матолиби марбут ба анҷуманро нашр намудааст ва ният дорад маводи тарғиботии ҳизбияшро ҳам дар корзорҳои интихоботӣ дар ҳамин нашрия чоп кунад.

Ҳизбҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳизбҳо хеле фаъолияти камранг доранд. Аз ҷумла ҳеч ҳизб саҳифи расмии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ надорад. Ба истиснои бархе саҳифаву ҳисобҳои корбарии пароканда дар Фейсбук. Ҳеч ҳизб масъули SMM ё бозорёбӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ надорад, ки ҳоло ин шева яке ҷолибтарин технологияҳои сиёсӣ барои ҷалби электорат (интихобкунанда) дониста мешавад. Ҳизби демократ саҳифае дар Фейсбук дорад, ки охирин матлаби коридааш аз 15 декабри соли 2017 мебошад ва ҳамагӣ 7 нафар ба он номнавис шудаанд. Ҳизби аграрӣ баъди 10 январи имсол тоза вориди Фейсбук шуд, вале на саҳфаи расмӣ, балки ҳисоби корбарӣ (аккаунт) боз кардааст.
Ҳафт хонанда дар Facebook: расонаҳои ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Вохӯриҳо бо аҳолии минтақаҳои кишвар, акс аз саҳифаи ҲХДТ дар Facebook
Ҳизби халқии демкоратӣ ва бахшҳои он дар шаҳру навоҳӣ саҳфаҳову ҳисобҳои корбарие дар Фейсбук дорад, ки назар ба рақибони сиёсияшон фаъолтаранд. Дар саҳфаҳои ин ҳизб матлабҳои таблиғотӣ, аз ҷумла фириста (постҳо)-и шоир Абдуқаҳҳор Қосим хеле нашр мешаванд. Аз ҷумла 21 январ чунин ашъоре ба русиву тоҷикӣ нашр шудаанд:

Аз Худои мо омад

Гаҳе, ки абри сияҳ осмони мо, бигирифт,

Гаҳе, ки барқи ҷаҳолат ҷаҳони мо, бигирифт,

Гаҳе, ки тири адў ҷисму ҷони мо, бигирифт,

Дарида пардаи зулмат, сафои мо омад,

Ба бахти миллати мо, Пешвои мо омад.

Гаҳе, ки модари тоҷик ба остона гирист,

Ба сина кўҳи алам баҳри ёру хона гирист,

Ба рўзи марги ҷигарбанд бебаҳона гирист,

Магар, ки раҳми фузун аз Худои мо омад?

Ба бахти миллати мо, Пешвои мо омад.

(порчае аз шеър)

Ё видеоҳои суханрониҳои президенти Тоҷикистон ҳангоми паём ба порлумонро нашр мекунанд.

Дар саҳфаи бахши суғдии ин ҳизб охирин матлаб аз октябри соли 2019 аст, аммо дар саҳфаи бахши хатлонӣ аз январи 2020. Дар ҳамин ҳол шумораи номнависшудҳои саҳфаи фесбукии ҲХДТ дар Хатлон тақрибан 5 ҳазор нафаранд.

Ҳизбҳои дигар умуман дар Фейсбук, ки дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии ҷиддитар эътироф шудааст вуҷуд надоранд. Бархе аз раисони ҳизбҳо ҳисобҳои корбарии худро барои фаъолиятҳои ҳизбӣ равона кардаанд, аз ҷумла раиси Ҳизби Сотсиалдемократ Раҳматилло Зоиров. Худи раисони ҳизбҳои сиёсӣ даршабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ҳузури камранг доранд. Аз ҷумла аз 7 ҳизби сиёсӣ танҳо раисони ҳизбҳои Демкорат ва Сотсиалдемкорат дар фейсбук ҳастанду халос. Дар шабакаи Твиттер, ки ҷойи “ҷанг сиёсатмадорон”-дунё низ ном бурда мешавад, ҳеч раиси ҳизби сиёсии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар мавриди шабакаҳои дигар, аз ҷумла Instagram, Youtube ҳоҷати ҳарфу сухан нест.

Ба ҷуз ҳизби ҳокими Халқии демократӣ (hamsafon.tj) дигар ҳеч ҳизби сиёсии Тоҷикистон сайти интернетии худро надоранд, ки дар замони муосир надоштани сайт барои созмонҳое,ки давои қудрат ва ислоҳу тағйироти сиёсиро доранд, хеле нуқси ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд дар замони муосир бархе муҳққиқон расонаҳои ҳизбиро ба унвони расона эътироф намекунанд, зеро онҳо бештар ба тарғибу ташвиқти ҳизб машғул шуда, стандартҳои ҳирфаӣ ва меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигориро камтар риоят мекунанд, аммо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ имрӯз ҳатто пурнуфузтарин расонаҳо гароишҳое ба ин ё он ҳизб доранд. Албатта аҳзоби сиёсӣ расонаҳоро замоне истифода мебаранд, ки ҳарфе барои гуфтан, паёме барои ҷомеа дошта бошанд, ки чӣ кор кардаанду чӣ кор карданиянд. То бо ин роҳ онҳоро ба ҷонибдории хеш моил кунанду саранҷом раъйи онҳоро дар интихобот ба даст биовранд. Аммо чун ин ҳамаро надоранд ва чизе барои навиштан нест, пас мантиқист, ки ҳар вақте хостанд нашрияҳоро нашр мекунанд.
Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бознашр аз сомонаи New Reporter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: