Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Обуна-2018

Обуна-2018

4-10-2017, 09:38
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0


Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Нашрияи дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Мо ҳамарӯза аз саҳифаҳои он хабару гузоришҳо, таҳлилу мусоҳибаҳои саривақтиро мутоила намуда, ҷаҳони маънавии худро бойтар месозем. Тибқи мушоҳидаҳо кормандони нашрия мекӯшанд аз шумора ба шумораи дигар онро пурмӯҳтавою ҷолибтар таҳия кунанд. Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои газета дарҷ мегарданд.
Нашрия дар ваҳдату худшиносии миллӣ, шинохти аслии чеҳраҳои тобноки бузурги миллат хидмати шоиста карда, аз фаъолияти густурдаи давлат ва ҳукумати кишвар дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳад. Ҳамзамон нашрия минбари розу ниёзи ҳизбиён буда, дар ҳар шумора аз ҳаёти ҳизбии кишвар маълумоти аниқу дақиқ медиҳад.
Тозапайғом он аст, ки ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд меъёри обунаро ба ин нашрия имрӯз 29 сентябр пурра иҷро карданд. Ёдовар мешавем, ки меъёри муқарраргардида барои ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд 2100 нусха буд ва имрӯз хушбахтона 2102 нусха ба рӯзномаи «Минбари халқ» оубна карда шуд. Ҳар як аъзои фаъоли ҳизб имрӯз дарк кардааст, ки нашрия такягоҳи асосии онҳо дар пур кардани фазои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Итминони комил дорем, ки ҳамкории аъзо ва пайравон минбаъд низ бо нашрия густариш ёфта, саҳифаҳои онро очерку гузоришҳо аз шаҳри Хуҷанд боз ҳам рангинтару мукаммалтар менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: