Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нашрияҳои ҲХДТ – ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳоро манзур мекунад

Нашрияҳои ҲХДТ – ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳоро манзур мекунад

3-08-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Нашрияҳои ҲХДТ – ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳоро манзур мекунад
Дар шароити феълӣ нақши матбуот дар ташаккули фарҳанги сиёсии мардум мавқеи муҳимро дорад. Барои он ки матбуот инъикосгар-таҳлилкунандаи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад, ҳамчунин аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа гузоришҳо пешкаш мекунад.

Дар матбуот Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мавқеи худро бо нашрияҳояш пайдо намудааст, ки имрӯзҳо яке аз нашрияҳои серхонанда дар қаламрави кишвар ва берун аз он ба шумор меравад.

“Қобили зикр аст, ки дар шароити ҳозираи пешрафти ҷомеа, таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ нақши васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ торафт меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари вусъат бахшидан ба фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама, нашрияи марказии ҳизб «Минбари халқ»-ро бо дигар расонаҳои хабарӣ тақвият дода, ба он муваффақ гардем, ки ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳо манзур карда шавад.”
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. дар Анҷумани ХII ҲХДТ.


Бо дарки муҳим будани матбуот Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ бо мақсади дастрасии сокинони ноҳия ва корхонаву муассисаҳо ба нашрияҳои ҳизбӣ, аз ҷумла, “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” Ситоди “Обуна-2017”-ро ба кори худ оғоз намуд.

Ситоди мазкур ҷаласаро бо иштироки раисони кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ оғоз кард. Дар ҷаласа аз мавқеи ҳафтаворҳои номбаршуда, дар фазои ВАО ба ҳозирин ёдовар шуда, раисон ва масъулини кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифадор гардиданд, то ки маъракаи “Обуна-2017” зери назорати қатъии онҳо қарор гирифта, нақшаи муайянгардида саривақт иҷро гардад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ин ҳошия ситоди мазкур дархостҳои обунаро барои соли 2017 ба тамоми ташкилотҳои давлативу хусусӣ ирсол намудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: