Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир бошад

Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир бошад

26-01-2020, 15:39
Хабарро хонданд: 551 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир бошад
Соли 2021 мо яке аз ҷашнҳои ормонии худ, сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст, истиқбол мегирем. Барои ҳар яки мо холисона таҳлил намудани ин нукта муҳим аст, ки дар солҳои нахустини истиқлолияти миллӣ дар кадом вазъ қарор доштем ва имрӯз ба кадом сатҳ расидем.
Роҳи паймудаи мо сода ва ҳамвор набуд. Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зина ба зина мушкилоти сангинеро, ки ба истиқлолияти миллии мо таҳдид менамуд, бартараф карда, ба орзую ормонҳои ҳазорсолаи миллат, яъне бунёди як давлати соҳибистиқлол, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, расидем. Агар мо даврони истиқлолиятро ба марҳилаҳо қисмат кунем, ба дурустӣ дарк хоҳем кард, ки барои расидан ба рушди устувори имрӯзаи кишвар, мо марҳилаҳои аз хатари маҳвшавӣ наҷот додан ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезагон, паст кардани шиддати терроризм, фароҳам сохтани фазои ором ва таъмини амнияти ҷомеа, бунёди инфрасохтору иншоотҳои бузурги асрро паси сар намудем.
Дар давраи истиқлолият дар кишвари мо корҳои бузурге ба сомон расиданд ва ё бунёди босуръати онҳо идома ёфта истодаанд, ки дар муқоиса бо даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки имконоти хеле густурда дошт, анҷом додани он ба осонӣ муяссар намешуд. Моро зарурате пеш омад, ки боистифода аз имкониятҳои маҳдуди худ иншооти ҳаётан муҳими индустриалиро, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат менамоянд, бунёд кунем. Ватани азизи мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар нагузаронида буданд, солҳои аввали истиқлолият хеле осебпазир буд, вале мо тавре ки Пешвои миллат борҳо дар баромадхои худ таъкид намуданд, дар такя бо иродаи шикастнопазири халқи тоҷик тавонистем, ки кишварро аз ин вартаи марговар наҷот диҳем.
Пас мо ҳақ надорем, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузургро, ки бо заҳмату талоши сангин ба даст омадаанд нодида гирем ва ё ночиз шуморем.
Имрӯз мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, интихобот қарор дорем, ки бо роҳи интихоби намояндагони худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқ дар маҳалҳо бояд мавқеи худро муайян созем. Ояндаи кишвар ва ба кадом самт ҳаракат намудани он аз интихоби ҳар яки мо вобаста аст.
Дар ин марҳила, ҳар як ташкилоти ҳизбӣ, кормандони масъули он, фаъолон ва ҷонибдорони моро зарур аст, ки боз ҳам фаъолияти муассиртаре дошта бошанд. Ба мардум, ҳамаи он дастовардҳое, ки дар давоми чанд соли охир ноил гардидем, бо усулҳои таъсиргузор муаррифи намоем ва дурнамои фаъолияти худро дар давоми панҷ соли оянда шарҳу тавзеҳ диҳем.
Дар меҳвари мулоқоту суҳбатҳо ва корҳои таблиғотии мо бояд нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ қарор бигиранд.
Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо бо назардошти вазъи воқеии кишвар ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир тартиб дода шудааст. Дар таҳияи он аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаҳо мухталифи ҷомеа ширкат варзидаанд. Барнома аз 8 самт ва 30 бахш иборат буда, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 фаро мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ; сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ; рушди маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот; такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ; сиёсати ҷавонон, бонувон, варзиш, сайёҳӣ бахшҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо мебошад.
Дар барнома ба назар гирифта шудааст, ки мо бояд дар давоми панҷ сол ба ҳалли яке аз масъалаҳои калидӣ ва муҳим, баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ, таъсис додани ҷойҳои кории воқеӣ, ки имкон дорад зиндагии арзандаи мардумро таъмин кунад ва боз ҳам паст кардани шиддати камбизоатӣ ноил гардем. Тавре, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷет, идрорпулии маъюбон ва ниёзмандон, инчунин, нафақаи насли пиронсол дар доираи имконоти мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина, ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири ҷомеа низ яке аз бандҳои меҳварии барномаи мо маҳсуб мешавад.
Яке аз вазифаҳои муҳими мо дар чанд соли оянда, ин ноил гардидан ба ҳадафи чоруми рушд-саноатикунонии босуръати мамлакат аст, ки бояд такони ҷиддие дар бахши иқтисод ва пешравии истеҳсолот гардад. Дар иҷрои ин иқдоми муҳим, ҳар як узви ҲХДТ, новобаста аз он, ки дар кадом сатҳ ва вазифа фаъолият дорад, бояд саҳми назаррас дошта бошад.
Инчунин, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 мо дар самти ба шароити шаҳр мутобиқ ва наздик кардани вазъи зиндагӣ дар деҳот кӯшиш ба харҷ диҳем. Пӯшида нест, ки ободии кишвар аз деҳот, ки бахши азими мардуми мо дар он зиндаги доранд, оғоз меёбад. Мо бояд шароити мусоиди зистро дар деҳот фароҳам орем. Рушди соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ низ бо деҳоти кишвар, ки арзишҳои суннатии миллати мо дар он маҳфуз аст, алоқамандии бевосита дорад. Барои амали шудани ин ҳадафҳо, тавре, ки Пешвои миллат дастур доданд, бояд ҳар як фарди ватандӯсти кишвар саҳмгузор бошад.
Яке аз ҳадафҳои аввалинлараҷаи барномавии ҳизби мо дар бахши рушди иқтисодиёт, ин бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар бахши истеҳсолот аст. Маҳсулнокии меҳнат яке аз шартҳои асосии болоравии маош, афзоиши талаботи истеъмолӣ ва ниҳоят рушди устувори иқтисодиёт аст. Сарчашмаи дуюми рушди иқтисодиёт ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ аст. Дар ин самт, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои боэътимод фароҳам оварда, хеле корҳои густурдаро анҷом додаанд. Имрӯз дар кишвари мо ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба санҷишу тафтишоти фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти дахлдор пайваста мораторияҳо эълон карда мешавад. Дар сафарҳои давлатӣ ва кории худ Пешвои миллат соҳибкорони муваффақи кишварро ҳамеша шомил мекунанд ва дар доираи ин сафарҳо соҳибкорон на танҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро меомӯзанд, балки шартномаҳои судманди ҳамкориро низ ба имзо мерасонанд.
Пешвои миллат дар Паёми пурмӯҳтавои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 20 январи соли равон баргузор гардид, доир ба ворид намудани ислоҳот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Таъсис додани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони варзида ва ҳирфаии соҳа, инчунин, дар ҷараёни ворид намудани тағйирот ба кодекси андоз, ҷалб намудани соҳибкорони ватанӣ, ки аз вазъи воқеии ин соҳа огоҳанд, бояд дар доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳалли худро ёбад. Мо бояд Тоҷикистонро барои соҳибкорони хориҷӣ ва ватанӣ ба кишвари имкониятҳои мусоид табдил диҳем.
Мо, инчунин, дар интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи маҳал то 40 дарсад бонувонро пешбарӣ намудем, ки ин мавқеъ аз принсипҳои бунёдии ҳизби мо буда, ҷиҳати ба таври воқеи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, мусоидат хоҳад кард.
Тероризм ва радикализми динию мазҳаби яке аз хатарҳои мудҳиши асри XXI маҳсуб мешавад, ки имруз тамоми сарҳадҳоро убур намуда, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ ва сатҳи рушдашон, ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Тоҷикистон бо назардошти ин, ки мавқеи ҷуғрофиаш дар сарҳади манотиқи ноамн қарор гирифтааст, маҷбур аст арзишҳои миллии худ ва афкори ҷомеаро аз таъсири маргбори ақоиди радикалӣ ҳифз кунад.
Ҳизби мо ба арзишҳои давлати дунявӣ ва ҳукуқбунёд, ки озодии виҷдон, мансубияти динӣ, нажодӣ, миллӣ ва забонӣ аст, арҷ мегузорад, вале бо гӯрӯҳҳое, ки мехоҳанд ин арзишҳоро таҳриф намуда, онро ба манфиатҳои маҳдуди гурӯҳӣ ва муғризонаи худ истифода мебаранд, муборизаи оштинопазир мебарад.
Дар ин самт, барои бурдани корҳои муассири тарғиботӣ дар байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва наврасон аз ҳисоби шахсони маъруф ва обруманди ҷомеа, ки андешаву суханашон таъсир дорад, бояд гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд. Мо медонем, ки ҳадафи аслии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ на танҳо бо роҳи бурдани фаъолиятҳои тахриботӣ соҳиб шудан ба мансабу вазифа, балки тағйир додани афкори ҷомеа, генофонди миллӣ ва аз байн бурдани сохти демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст.
Дар интихоботи қарибулвуқуъ моро зарур аст, ки дар бурдани корҳои тарғиботӣ аз усулу технологияҳои муосир ва навъҳои таъсирбахши ташвиқот, ки таҷриба шудаанд, истифода намоем. Баромадҳои таъсирбахш дар байни омма; паҳн намудани буклет, варақа ва овезаҳо, ки нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳои мо дарҷ шудаанд; таблиғ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, ки доираи фарогириашон густурда аст, яъне матбуот, телевизион, радио; истифодаи дурусти интернет, аз ҷумла сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ; рекламаҳои берунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мисли майдонҳои варзиш, нақлиётҳои ҷамъиятӣ; баргузор намудани аксияҳо; мулоқоти “кӯча ба кӯча” ва ё суҳбатҳои “рӯ ба рӯ” бояд аз усулҳои таъсирбахши номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғотии мо бошанд.
Мо ҳамсафон бояд дар ақидаи худ устувор бошем, ба арзишҳои давлати демократӣ ва миллӣ арҷ гузорем, барои фароҳам овардани зиндагии арзишманди тамоми қишрҳои ҷомеа, ки аз шиорҳои асоси барномавии ҳизби мост, замина гузорем. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо ба эътироф ва ҷонибдории мардум сазовор хоҳем шуд.

Азизӣ Абдуҷаббор,
муовини якуми Раиси ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: