Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ

9-01-2020, 10:42
Хабарро хонданд: 392 нафар
Назарҳо: 0
Бо қарори Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, №7 аз
13 декабри соли 2019 тасдиқ шудааст.

Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!


БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
(Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025)

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ

IV. БАХШИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад.
Аз ин рӯ, ҲХДТ ба соҳаҳои илму маориф эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад.
4.1. Дар самти маориф:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузариши таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба маблағгузории сарикасӣ; оид ба гузариши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим; оид ба гузариши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба таҳсилоти 12-сола; оид ба гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот; оид ба гузаронидани таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалии тахассусӣ; оид ба масъалаи калидӣ ва афзалиятнок эълон намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат;
- афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ ба хотири то соли 2025 ба 30% расонидани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъмини дастрасии намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва истифодаи шаклҳои алтернативии он;
- таҳкими пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, компютерҳои насли нав, видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ, таҳияи шакли электронии дарсҳо дар дискҳо;
- то давраи соли 2025 бунёд намудани беш аз якуним ҳазор муассисаҳои таълимии типи нав, пурра баровардани мактабҳо аз вагонҳо, хонаҳои шахсӣ ва биноҳои садамавӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои нави аҳолинишин;
- пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгории соҳибтахассус, тавсеаи дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии мутахассисони ҷавон;
- ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм;
- ба таври тестӣ ва электронӣ ба роҳ мондани аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ дар онҳо;
- ба низоми нави мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот гузаронидани тамоми зинаҳои таҳсилот, таҳияи индикаторҳои аккредитатсияи миллӣ ва байналмилалии муассисаҳои таълимӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисосҳои онҳо;
- рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисоне, ки дар ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта намешаванд ва таҳқиқоти илмии барои кишвар афзалиятнок, васеъ намудани доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;
- ҷиҳати баланд бардоштани худшиносии миллӣ, махсусан, насли наврасу ҷавонон, инчунин, баргардон ва нашр кардани мероси хатии халқи тоҷик, ки дар ҳавзаҳои гуногуни илмии Осиё ва Қафқоз маҳфуз мондаанд;
- фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот.
4.2. Дар самти илм:
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо;
- ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои фармоишии маблағгузории давлатӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот;
- дар назди марказҳои инноватсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани биржаи моликияти зеҳнӣ ҷиҳати ҷалби корхона ва ташкилоти хусусию давлатии кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии ин моликият;
- тавсеаи ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии кишвар, вазорату идораҳои соҳавӣ, мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишварсаноатикунонии босуръат;
- таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия;
- ба роҳ мондани ихтироъкорӣ ва гирифтани патент ба ихтирооти дар истеҳсолот истифодашаванда;
- ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию ихтироъкории инноватсионӣ ва мусоидат ба ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба ин бахш, инчунин, ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии сайёра ва минтақа;
- ба роҳ мондани таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва самтҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар дар асоси рушди маҷмааҳои агросаноатӣ;
- истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар.

V. БАХШИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ
Фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи мушкилоти глобалии асри ХХI мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бавижа падидаҳои мусбат ва зуҳуроти манфии он дар канор буда наметавонад.
Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад.
Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
5.1. Дар самти фарҳанг:
- такмили низоми таҳсилот дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, мусоидат ба такмили касбияти аҳли фарҳанг ва санъати касбӣ (оҳангсозон, мутрибон, овозхонон, коргардонҳо, дирижёрони оркестрҳои халқӣ ва классикӣ) дар дохил ва хориҷи кишвар;
- баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои вазифаҳои муҳими муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ;
- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзу рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар, мусоидат ба рушди сайёҳии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ, мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон;
- бо мақсади боло бурдани сатҳи фарҳангии ҷомеа бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳо ва гулгаштҳо, махсусан, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо.
- таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангию забонӣ;
- ба қадри кофӣ ва сатҳи зарурӣ дар адабиёти бадеӣ, филмҳои мустанад ва бадеӣ, аниматсия, барномаҳои илмӣ-маърифатӣ инъикос ёфтани мероси пурғановати миллӣ, ки дорои неруи бузурги тарбиявӣ ва унсурҳои арзишманди умумибашарӣ мебошанд;
- рушди низоми истеҳсоли маҳсулоти фарҳангӣ барои кӯдакон.
5.2. Оид ба ислоҳоти соҳаи васоити ахбори омма (ВАО) ва рақобатпазир намудани абзорҳои ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ:
Васоити ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гирад.
Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки барномаи махсуси давлатӣ барои ислоҳоти низоми ВАО-и чопӣ ва электронӣ, ҳамчунин, низоми омода намудани кадрҳои журналистӣ таҳия шаванд ва тадриҷан он ба низоми “фармоишҳои иҷтимоӣ” гузаронида шавад. Дар ин сурат, ВАО фаъолияти худро бо пешниҳоди лоиҳаи консептуалӣ ба роҳ мемонад ва барои қонеъ намудани талабот ва дархости хонанда, бинанда ва шунавандаи худ пайваста кӯшиш мекунад. Ҳизби мо чунин мешуморад, ки ислоҳоти мунтазами соҳа ба роҳ монда шавад, дар самти коҳиш додани шиддати таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори ҷамъиятии шаҳрвандон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
ҲХДТ дар ин самт иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
- таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО ва иштироки фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ин далел, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад.
- рушд ва таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир, ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд;
- роҳандозӣ намудани паҳн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (комуникатсионӣ);
- зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан, шабакаи ҷаҳонии интернет;
- ворид кардани таҷҳизоти муосир барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораҳои нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион;
- омода намудани мутахассисони касбии соҳа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар.
ҲХДТ дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон
БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ
аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.
VI.БАХШИ ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӣ, ТАҲКИМИ
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ВА БОЛО БУРДАНИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.
Бо ин мақсад, ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда амалӣ намудани масъалаҳои зерин мебошад:
- такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир;
- такмили қонунгузорӣ дар самти ҳокимияти судӣ, қабул кардан ва дар амал татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ. Дар ин замина, ҲХДТ мувофиқи мақсад мешуморад, ки механизми ғайрисудии ҳалли баҳсҳои байни шаҳрвандон такмил дода шавад;
- таҳкими қонунгузории соҳаи бонк ва фаъолияти бонкдорӣ бо мақсади таъмини инкишофи бонизоми системаи бонкӣ, такмили қонунгузории соҳаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва сода намудани низоми қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз;
- мусоидат ҷиҳати сода намудани низоми андозбандӣ, зиёд кардани чораҳои дахлдори ҳавасмандкунанда ҷиҳати пардохти ихтиёрии андоз, аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани низоми иҷозатдиҳӣ барои ба амал баровардани фаъолияти босамари соҳибкорӣ;
- таҳкими қонунгузории мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва ҷиноятҳои кибернетикӣ, рушди низоми таъмини бехатарии иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, муқовимат бо таҳдидҳои муосир дар соҳаи иттилоот;
- таҷдиди қонунгузории соҳаҳои гумрук, андоз ва сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва кафолатҳои дахлдор нисбат ба субъектоне, ки дар асоси ворид кардани технологияҳои навтарин саноатикунонии иқтисодиёти миллиро рушд дода, барои шаҳрвандон ҷойҳои нави кориро бо музди меҳнати арзанда таъсис медиҳанд;
- тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати таъмини онҳо бо шуғли арзанда, таъминоти иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонии онҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити самараноки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ;
 такмили қонунгузории соҳаи экологӣ, махсусан, дар самти ҳифзи муҳити зист, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва фарҳанги экологии шаҳрвандон;
 такмил додани қонунгузории кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқавории босифат, рушди саноати коркарди ашёи хом, ҳифз ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар;
 тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии пурра истифода бурдани имкониятҳои мавҷудаи энергетикӣ, аз ҷумла бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷалби сармоягузории дохилӣ дар самти сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, истеҳсол, истифода ва фурӯши неруи барқ;
 такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳо;
 мусоидат ба қабули консепсияи рушди қонунгузории шаҳрсозӣ бо дарназардошти рушди шаҳрҳо дар кишвар ва кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил.
Баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо ин мақсад, ҲХДТ анҷом додани корҳои зеринро муҳим мешуморад:
 таъмини ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо иттилооти ҳуқуқӣ;
 таъмин намудани имконияти ба таври васеъ ва ройгон истифодабарии аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
 таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти ҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 ёрии ҳуқуқии ройгон бо пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ тавассути пешниҳоди шарҳдиҳии иттилооти ҳуқуқӣ дар идораҳои давлатӣ, ҳангоми машваратҳо дар маҳал ва тавассути алоқаи телефонӣ;
 тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
 ҷорӣ намудани таълими мукаммали асосҳои ҳуқуқ, аз ҷумла соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми таҳсилот ва бо ин роҳ ташаккул додани фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсонӣ.
Барои баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҲХДТ анҷом расонидани корҳои зеринро зарур мешуморад:
- ба низом даровардани қонунгузориҳои соҳавӣ бо мақсади истифодаи дуруст, осон ва самараноки онҳо аз ҷониби аҳолӣ;
- бо мақсади рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавии кишвар, хусусан, дар соҳаи муносибатҳои берунии иқтисодӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ ба ҳам мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ бо байналмилалӣ;
- ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ;
- омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ;
 ҳавасмандсозии пажӯҳишҳои илмӣ, таклифу пешниҳодҳои судманд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо мақсади такмили қонунгузорӣ;
 пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо ва такроршавӣ дар қонунҳо;
 таъмини иштироки васеи интихобкунандагон дар раванди муҳокимаи санадҳои қонунгузорӣ;
 мустаҳкам кардани алоқаҳои судманди илм ва амалияи ҳуқуқ ва бо ин мақсад вусъат додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмӣ бо мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳуқуқтатбиқкунанда;
 мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии қонунҳо вобаста ба мутобиқати онҳо ба сатҳи воқеии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон.

VII. БАХШИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.
Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.
7.1. Дар самти сиёсати ҷавонон:
ҲХДТ дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, бо ҷалби мустақими буҷети давлатӣ ва маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.
ҲХДТ талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода намояд. Бахусус, аз тадбирҳое истифода бояд кард, ки дастрасии ҷавонон ба технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осон сурат гирад ва имконпазир бошад.
Ҳизб фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода, баҳри дарёфти роҳҳои муассир ва намунавии онҳо чораҷӯӣ карда мешавад. Зеро дар шароити мустақилияти комили давлатӣ, бунёди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёд ва равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ин масъалаҳо мақоми афзалиятнокро ба худ касб менамоянд.
ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд, бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Дар ин росто, ҲХДТ ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият хоҳад дод.
Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати хуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон якҷо бо мақомоти ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақвият дода мешаванд.
ҲХДТ минбаъд низ неруи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
Ташаббусҳои ҷавононро дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ намуда, минбаъд барои ташаккул додани фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон шароит фароҳам хоҳад овард.
ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, бо ҷалби неруи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ дар ин замина, бо усулҳои муосири таъсиррасонӣ корҳои таблиғотиро амалӣ мегардонад.
ҲХДТ мусоидати ҷавононро ҷиҳати ҳифзи Ватан, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, пешгирии ҳолатҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон ҷонибдорӣ мекунад.
ҲХДТ кӯшиш менамояд, ки дар панҷ соли минбаъда ҷавононро ҳамчун неруи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ карда, саҳми назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намояд.
ҲХДТ дар бахши сиёсати ҷавонон татбиқи чораҳои зеринро муҳим мешуморад:
- таъмини иҷтимоии ҷавонон ва ҳифзи баробари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо;
- мусоидат дар иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;
- фароҳам овардани заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон;
- ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва ташаккули афкори тарзи ҳаёти солим;
- мусоидати амалӣ дар мустақилияти иқтисодии ҷавонон.
7.2. Дар самти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ:
ҲХДТ барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад. Бунёди иншоот ва майдончаҳои варзиш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардории шаҳрвандони ҷумҳурӣ қарор дода мешавад.
Бо мақсади рушду инкишофи варзиши зимистона дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин, омода намудани ҷавонону наврасон ба ин навъи варзиш дар манотиқи кӯҳистони кишвар маркази варзиш бунёд гардида, барои иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар бозиҳои олимпии зимистона шароит муҳайё карда мешавад.
ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ менамояд ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзиш талош мекунад.

VIII. БАХШИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
ҲХДТ Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар меҳвари он усули баробарӣ ва дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин замина, ҲХДТ талош мекунад, ки бо идома додани сиёсати пайгирона дар ин самт муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёр ва тақозои тамоюлоти ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав бардорад.
Идома додани ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ширкати муассир дар барномаҳои таъмини амнияти умумии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шарикони стратегӣ ҷиҳати таъмини ҳадафҳои миллии Тоҷикистон бояд дар авлавияти сиёсати хориҷии кишвар қарор дошта бошад.
Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷӣ бояд таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Хусусан, тамоюлҳои мусбат касб намудани сиёсати хориҷии кишварҳои ҳамсояи мо барои рушди бештари ҳамкориҳо шароити мусоид фароҳам овардааст, ки ин имкони мусоид бояд ҷиҳати рушди ҳадафмандонаи тавсеаи ҳамкориҳо истифода бурда шавад.
Барномаи рушди иқтисодии кишвар, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинон, иҷрои тарҳҳои бозсозӣ тақозо мекунад, ки рушди муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии мамлакат қарор дошта бошад. ҲХДТ рушди муносибатҳоро дар ин замина, барои иҷрои ду барномаи муҳимми бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доиршаванда, аз ҷумла Конфронси СММ доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”, ки қарор аст 22-24 марти соли 2023 доир шавад ва иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обро дар моҳи марти соли 2021 бисёр муҳим меҳисобад.
Сиёсати «дарҳои кушода» аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад ва ҲХДТ аз идомаи сиёсати хориҷии мутавозин бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ истиқбол мекунад.
ҲХДТ марҳилаи нави пурмасъулияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ ва пешбарӣ менамояд. Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Дар ин маврид, барои тақвияти равандҳои созандаи ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир кӯшишҳои ҳамаҷониба анҷом хоҳанд гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд талошҳои худро ҷиҳати муборизаи мақсаднок ва натиҷабахш бо хатару таҳдидҳои минтақавии муосир, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва терроризм бо шарикони стратегии худ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ идома диҳад.
ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ иҷрои ҳадафҳои зеринро қобили қабул медонад:
- пешбурди дипломатияи пешгирикунанда ҳамчун омили муҳими устуворгардонии мубориза бо густариши ҷараёнҳои террористӣ ва экстремистӣ;
- ривоҷи муколамаҳо бо мақсади таъмини амният ва устуворӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо такя ба инкишофи механизмҳои ИДМ, СҲШ ва САҲА. Густариши ҳамкориҳои дастаҷамъӣ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа;
- таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди Ҳамкориҳои глобалӣ оид ба ҳамкории самарабахш барои рушд (ҲГҲСБР);
- иқдому кӯшишҳо дар ҳалли масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз ҷумла бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷалби созмонҳои байналмилалӣ дар амалисозии лоиҳаҳои мушаххаси бисёртарафа дар пешгирии талафот аз тағйирёбии иқлим, омӯзиши пиряхҳо, таъмини фаъолиятҳои дастаҷамъӣ дар доираи Даҳсолаи байналмиллалӣ “Об барои рушди устувор”, бартараф намудани бӯҳрони ҳавзаи Арал;
- устуворгардонии низому воситаҳои пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ҳамчун омили ривоҷи алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ фароҳам овардани шароити муфид барои афзоиши савдои хориҷӣ ва устуворгардонии кооператсияи истеҳсолӣ, ҷалби сармоя.

ХУЛОСА
ҲХДТ барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад, пешниҳод менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад. Тоҷикистон дар риояти ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалӣ кӯшиш дорад ва дар навбати худ аз ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст, ки барои амнияти сайёра талош хоҳанд варзид.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.
Мо аз шаҳрвандони кишвар, аъзои ҲХДТ ва онҳоеро, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват менамоем ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: