Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ИНТИХОБИ МО

15-01-2020, 16:56
Хабарро хонданд: 33 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБИ МО
Таърихи 1- уми марти соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар анҷуман ва конференсияҳои худ аз Ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандата номзадҳои арзандаи худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои вакилони халқ дар маҳалҳо пешбарӣ намуданд. Инчунин мутобиқи қонун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва дигар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тариқи худпешбарӣ ширкат варзанд.
Боиси таассуф аст, ки ҳамасола дар арафаи интихобот сару садоҳои зиёде баланд мешавад ва баъзе аҳзоби сиёсӣ ва ё ҷонибдорони онҳо, расонаҳои хориҷиву ватанӣ ҳанӯз натиҷаҳои маъракаи интихоботӣ маълум нагардида аз беадолативу ғғайришаффоф баргузор шудани интихобот даъво пеш меоранд. Ҳол он ки интихобот мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи байналмилалӣ, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва дар фазои озод баргузор мешавад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки дар ҷомеа обрӯю нуфуз дорад, дар байни электорати сиёсӣ бо барномаи муассир худро муаррифӣ мекунад, имкон дорад, ки дар ин муборизаи сиёсӣ ба ҳадаф расад.
Баъзе кишварҳои абарқудрати хориҷӣ, ки дар минтақа ҳадафҳои геополитикии худро пиёда месозанд, низ аз худ дарак медиҳанд. Ғолибан чунин ба назар мерасад, ки ин кишварҳо вобаста ба манфиатҳои худ дар кишварҳои гуногун нисбат ба интихобот муносибати духура доранд. Фаразан интихоботи як кишварро, ки дар фазои ҷангу хушунат, зери фишори шахсони силоҳбадаст баргузор мегардад, шаффофу демократӣ ва кишварҳоеро, ки интихоботашон дар фазои ором ва бидуни дахолат ва истифодаи захираҳои давлатӣ баргузор мегардад, ғайримунсифона арзёбӣ мекунанд.
Вале, новобаста аз назару андешаҳои «коршиносон»-и хориҷӣ, ки гоҳҳо дар заминаи ҳадафҳои геполитикиву геостратегии онҳо сурат мегирад, дар сатҳи баланд ва бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ, қабл аз ҳама барои ниҳодҳои давлатии мо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар муҳим аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ низ, бо риояи принсипҳои демократияи дохилиҳизбӣ, кӯшиш ба харҷ дод, ки номзадҳои арзандаи худро бо дарназардошти иштироки фаъоли онҳо дар таҳия ва қабули қонунҳои муассир ва таъмини заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеа, пешбарӣ намояд.
Номзадҳои пешбаригардида мутахассисони ҳирфаии соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, илм, иқтисодиёт, ҳуқуқ, кишоварзӣ, маориф, тиб, ҷавонон, сайёҳӣ, фарҳанг, иттилоот ва амсоли ин буда, имкон доранд, ки дар пешравии бахшҳои калидии ҷомеа ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 28 нафар номзад пешниҳод гардид. Аз ҷумлаи номзадҳои пешниҳодшуда 14 нафарашон занон буда, малакаю лаёқати баланди корбарӣ доранд. Инчунин, ҷавононе ба рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ шудаанд, ки ба масъалаҳои муҳими ҷомеа нигоҳи нав доранд.
Дар рӯйхат 7 нафар доктори илм, 6 нафар номзади илм ва боқимонада ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, кишоварзону табибон, омӯзгорону муҳандисон ва мутахассисони дигар соҳаҳо пешбарӣ гардидаанд. Бештари вакилон, ҳамчун номзад, бори аввал ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ягонаи интихоботӣ умумиҷуҳуриявӣ пешбарӣ шуданд.
Вакилони эҳтимолии пешбаришуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи
ИНТИХОБИ МО
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар парлумон барои пешрафти соҳаҳои калидӣ ҳисса мегузоранд.
Дар феҳрасти номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, даъвати шашум (солҳои 2020-2025) шахсони касбу кори гуногун ва намояндагони соҳаҳои муҳим буда, дорои таҳсилоти олианд ва дар гузашта донишгоҳ ва донишкадаҳои олиро дар дохилу хориҷи кишвар хатм кардаанд. Аз ҷумлаи 41 нафар номзад 6 нафар доктори илмҳо ва 8 нафар номзадҳои илм мебошанд. 12 нафар таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро доранд. Дар миёни шахсони ҳамчун номзад муаррифишуда, аз ҷумла 10 нафар занҳо ҳастанд.
Аз рӯи ихтисос ва фаъолият, кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, соҳибкорон, масъулон ва кормандони бахши маориф, мақомоти иҷроияи марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ шумораи бештари номзадҳоро дар бар мегиранд.
Барои таъмини заминаи табодули таҷриба ва вогузории собиқаи кории Парлумони кунунӣ ба даъвати нави Маҷлиси намояндагони шаҳрвандони кишвар 13 вакили даъвати панҷумро аз нав номзад барои вакил интихоб шудан, пешбарӣ кардаанд.
Маълумотномаи пешниҳодгардида, дар бораи ҳар номзад нишон медиҳад, ки ҳамаи номзадҳо шахсони дар ҷумҳурӣ ва ноҳияву шаҳрҳои кишвар шинохташуда ва дар соҳаҳои худ мутахассисони варзида мебошанд.
Аз нигоҳи синну сол ҷавонтарин номзад 30 – сола буда, танҳо синни 4 нафар аз 60 то 64 аст, ки онҳо низ дар таҳия ва қабули қонунҳои барои ҷомеа манфиатовар таҷрибаи назаррас доранд. Таркиби синнусолии номзадҳо ва ҳам сатҳи таҳсилоту ихтисоси афроди пешбаришуда гувоҳи он аст, ки барои вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон шудан, аксар шахсони дорои қобилияти баланди зеҳнӣ ва ботаҷриба пешниҳод гардидаанд.
Мо, шаҳрвандони кишвар бо интихоби дурусти номзадҳоямон барои таҳияву иҷрои санаду қонунҳои лозим ҷиҳати амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, ки мақсади рушду шукуфоии ватан, беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум доранд, саҳми худро мегузорем.
Вазифаи ҳар яки мо, аз ҷумла аъзои ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намоем.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он дар шароити пуртазоди солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ беш аз пеш аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.
“МХ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: