Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБОТ-2020. Дар 30 давлат 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешаванд

ИНТИХОБОТ-2020. Дар 30 давлат 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешаванд

17-01-2020, 10:11
Хабарро хонданд: 543 нафар
Назарҳо: 0
ИНТИХОБОТ-2020. Дар 30 давлат 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешаванд
Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи навбатии КМИР қарори дахлдор қабул гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи навбатии КМИР имрӯз, 16 январ таҳти роҳбарии Раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, ки дар он шаш масъалаи вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили участкаҳои интихоботӣ дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, тасдиқи ду «Роҳнамо» барои комиссияҳои ҳавзавӣ ва волонтёрон ва дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қабул гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: