Дар давраи ҳукмронии Барак Обама қарзи Амрико ду баробар афзуд5-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
Қарзи Амрико расман аз шумораи 19 триллион ҳам гузашт. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати молияи ШМА хабар дод.
Аз маблағи умумии дар боло зикр гардида 13,7 триллиони он ба қарзи ширкатҳо ва соҳибкорон рост меояд. Қарзи умумии дохили давлатӣ бошад 5,3 триллионро ташкил медиҳад. Дар давоми 7 соли охир қарзҳои ШМА ба миқдори ҳашт триллион доллар афзоиш ёфт. Айнан чунин нишондод дар давраи раҳбарии президенти собиқи Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ низ мавриди назар қарор дошт. ©Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.