Теъдоди андозсупорандагон рӯ ба афзоиш аст26-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзу тахминҳоро дар бораи бамаротиб коста шудани теъдоди андозсупорандагон беасос хонда иттилоъ медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли пешин шахсони воқеию ҳуқуқие, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, нисбат ба соли пешин 13,3% зиёд мебошад. Ба ибораи дигар мегӯяд, раиси Кумитаи номбурда Нусратулло Давлатзода соли 2015 агар 29 ҳазору панҷсад нафар фаъолияти худро қатъ намуда бошанд, 3 237 нафари дигар ба мақомоти анзоз чун соҳибкор сабти ном шуданд.
Дар соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо ба андозаи 101,3% таъмин гардида, ба ҷойи 7 миллиарду 858,6 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 миллиарду 961,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 103,2 миллион сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар соли 2014 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 844,7 миллион сомонӣ, ё худ 12 % бештар мебошад. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-111,0%, вилояти Хатлон-103,1%, вилояти Суғд-101,5% ва шаҳри Душанбе-95,0% таъмин шуд. Ҳамчуноне аз ҳисобот бармеояд қарзи нисбатан калони андоз ба Ширкати «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, то 1 декабри соли 2014 маблағи 142,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар умум бақияи қарзи андозҳо то 1 декабри соли 2015 маблағи 653,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 34,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Тибқи иттилои роҳбарияти кумита соли 2015 бо мақсади кам кардани қарзи андозҳо аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 2100 субъекти хоҷагидор ба маблағи умумии 506,0 млн. сомонӣ қарорҳо қабул ва аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2014 қабулгардида, ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 395 миллион сомонӣ ворид шуд. Тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо 63 баҳси судӣ бо субъектҳои хоҷагидор ба маблағи умумии 131.3 миллион сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ қарор гирифта, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби баҳсҳои судие, ки дар соли 2014 ба манфиати буҷет анҷом ёфтаанд, дар маҷмуъ 99,8 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид шудааст. Роҳбарияти кумитаи андоз дар нишаст ҳамкориро бо намояндагони васоити ахбори омма омили мусоиди пешрафти фаъолияти рӯзмарра унвон карда, аз намояндагони ВАО дархост карда шуд, ки ҳар як норасоие, ки дар фаъолияти кормандони мақомот ба мушоҳида мерасад сари вақт пайгирӣ карда дар ҳамкории якҷоя бо мақомоти андоз камбудиву норасоӣ ислоҳ карда шаванд. ©Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.