Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ба зиёда аз як миллион сомонӣ оҳанпора фурӯхтаем

Ба зиёда аз як миллион сомонӣ оҳанпора фурӯхтаем

3-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
Ба зиёда аз як миллион сомонӣ оҳанпора фурӯхтаемРаиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки «Дар давоми соли 2015 аз тариқи музояда ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ оҳанпора фурӯхта шудааст.

Қодири Қосим рӯзи 3 феврал ба хабарнигорон изҳор дошт, ки дар тӯли соли гузашта ба миқдори 1223,3 тонна пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва 55,7 тонна пораву партовҳои металлҳои ранга ба савдои музоядавӣ пешниҳод гардид ва ба маблағи дар боло зикршуда фурӯхта шуд.

Дар иттилоияе, ки дар бораи натиҷаи фаъолияти ин кумита дар соли 2015 пешниҳод шуд, омадааст, ки «ҷиҳати амалӣ кардани 13 лоиҳаи афзалиятноки давлати Тоҷикистон бо шарикони хориҷии барномаи рушд 22 созишномаи нав ба маблағи умумии 3,4 миллиард сомонӣ (447,1 миллион доллар), ба имзо расидааст.

Тибқи омори расмӣ, воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар соли гузашта 7,6 миллиард сомонӣ (977,8 миллион доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 533 миллион сомонӣ (68,6 миллион доллар), аз ҷумла сармоягузории мустақим 726,5 миллион сомонӣ (93,5 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, воридоти сармояҳои мустақими хориҷӣ бештар ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтмон, кишоварзӣ алоқа, саноат, хидматрасонии молиявӣ ва ғайра рост меояд.
©Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: