Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ НОМЗАДИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ НОМЗАДИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД

9-01-2020, 13:45
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ НОМЗАДИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД
Конференсияи XXIII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 338 нафар вакил доир гардид.
Дар кори Конференсия муовини аввали Раиси муаззами ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Инчунин, дар Конференсия фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма низ ҳузур доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ба таври зинда вакилон ҳайати раёсат, котибот ва комиссияи мандатиро интихоб намуда, ба кори Конеференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯлоб №37”-ро баррасӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис Ҳамидиён Орзу баромад намуда, қайд кард, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 4 декабри соли 2019, таҳти рақами 1380 Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст.
Мутобиқи моддаи 30-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ намоянд.

Сипас, муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор баромад намуда, номзадии Ҳакимзода Шариф Саидовичро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар ҳамин радиф вакилони Конференсия Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён ва Ҳақназарова Зулайхо таклифи муовини аввали Раиси ҲХДТ-ро дуруст ва саривақтӣ ҳисобида, иброз доштанд, ки шахси пешбаришаванда воқеан арзанда мебошад.

Баъд аз овоздиҳии пинҳоҳӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо Ҳакимзода Шариф Саидович бо гирифтани аксарияти овозҳо аз ҷониби вакилони Конференсия ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 пешбарӣ гардид.

Зимнан, Ҳакимзода Шариф ба сухан баромада, аз вакилон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Мавсуф дар идома қайд кард, ки мекушад ба он эътимоду боварии вакилони Конференсия сазовор бошад ва барои халқу Ватан содиқона ва самимона хизмат намояд.

Дар фарҷом баъд аз қабули қарорҳо ба Конференсияи XXIII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб танаффуси тӯлонӣ эълон карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: