Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТАИ “ДАНҒАРА №36” ПЕШБАРӢ ШУД

ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТАИ “ДАНҒАРА №36” ПЕШБАРӢ ШУД

11-01-2020, 13:11
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТАИ “ДАНҒАРА №36” ПЕШБАРӢ ШУДДар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо иштироки 170 нафар вакил баргузор шуд.

Дар кори Конференсия, узви КИМ ҲХДТ Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад, муовини раиси ноҳияи Данғара, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо иштирок доштанд. Ҳамзамон, дар Конференсия фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва дигар шахсони даъватӣ аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма низ ҳузур доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ба таври зинда вакилон ҳайати раёсат, котибот ва комиссияи мандатиро интихоб намуда, ба кори Конеференсия ҳусни оғоз бахшиданд. Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии «Данғара №36» баррасӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис Каримзода Пирмуҳаммад баромад намуда, қайд кард, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 4 декабри соли 2019, таҳти рақами 1380 Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст.
Мутобиқи моддаи 30-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ намоянд. Сипас, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Саид Нуриддин Саид баромад намуда, номзадии Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо гирифтани 168 овоз аз шумораи умумии 170 вакилони Конференсия ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Данғара №36» пешбарӣ гардид.
Зимнан, Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ба сухан баромада, аз вакилон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мекушад ба он эътимоду боварии вакилони Конференсия сазовор бошад ва барои халқу Ватан содиқона хизмат намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: