Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПУЛҲОЕ, КИ ТАЪМИР МЕХОҲАНД

ПУЛҲОЕ, КИ ТАЪМИР МЕХОҲАНД

23-12-2019, 17:08
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Зиёда аз 4 сол аст, ки ду пули автомобилгард, дар км 9,8 ва 11-и роҳи Душанбе-Рӯдакӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Аз соли 2015 инҷониб ду пули шоҳроҳи мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ, купруки дарёи Кофарниҳон ва Элок дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки пулҳои мазкур шомили шоҳроҳи ҷумҳуриявӣ буда, он маркази ноҳияи Рудакӣ ва ҳамзамон ноҳияи Ёвонро бо пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мепайвандад.
Ҳанӯз санаи 3-юми ноябри соли 2014 қисмати пиёдагузари купруки мошингарди Элок, фурӯ рафта буд, пули дарёи «Кофарниҳон»-низ аз ҳамон вақт инҷониб дар ҳолати садамаӣ қарор дорад. То ба садама дучор гардидан, купрукҳои мазкур иқтидори бардошти 60 тонна вазнро доштанд. Аммо имрӯз дар онҳо аломати 20 тонна қобилияти вазнбардорӣ насб шудааст. Дар ҳоле, ки нохия Ёвон яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии мамлакат ва ноҳияи Рӯдакӣ калотарин ноҳияи тобеи марказ маҳсуб меёбад, интиқоли маҳсулот ва пайванд будани ҳайёти рузафзуни сокинони ноҳияҳои болозик тақозо менамояд то маҳз ин шоҳроҳ дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дошта бошад. Дар соли 2017 бо дархости ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар назди пулҳои мазкур назоратгоҳи мувақаттии Вазорати ақлиёти кишвар ташкил шудааст, то бехатарии ҳаракати воситаи нақлиёт дар мавзеъи мазкур ва таъмини бехатарии пулҳои садамавӣ нигоҳ дошта шавад.
Ҷиҳати воқиф гардидан аз вазъи феълии пулҳои мазкур ва то куҷо чораандешӣ намудани мақомоти дахлдор бобати таъмиру тармими пулҳо ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, роҳ пешгирифтем ҷониби Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.
Фирӯз Давлатзода, мудири бахши сохтмон, саноат ва комуникатсияи ҳукумати ноҳияи мазкур дар суҳбат бо мо гуфт: «Бо ин сабаб, ки пулҳои мазкур мутаалиқ ба шоҳроҳи ҷумҳуриявӣ ҳастанд, сохтмони он бар души мо нест. Таъмиру азнавсозии пулҳои мазкур ба зиммаи Вазорати нақлиёти мамлакат вогузор карда шудааст».
Номбурда ҳамзамон таъкид дошт, аз сабабе, ки пулҳои мазкур дар ҳудуди ноҳии Рӯдакӣ қарор доранд, роҳбарияти ҳукумати ноҳия ҷиҳати ҳалли саривақти ин мушкилот бетараф нестанд. Таи солҳоие, ки пулҳои мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, якчанд гурӯҳҳои байниидоравӣ ташкил шуд.
Ф. Давлатзода дар идомаи суҳбат гуфт: «аз замони дар ҳолати садамаӣ қарор гирифтан, сохтмони баражи пукруки Кофарниҳонро то ба имрӯз пудратчӣ ҶДММ «Купруксозии Пайванд» бар душ дорад ва корҳои бозсозӣ идома доранд. Ба гуфтаи масъулин дарозии пули Кофарниҳон 90м-ро дар бар мегирад, ки дар айни замон 17 равоқа ва ё (балка)-и он корношоям мебошад. Мутахассисон бар он назар ҳастанд, ки пурра азнавсозӣ гардидани ин пул мувофик ба матлаб хоҳад буд. Купруки дарёи Элок бошад дар ҳар сурат имкони таъмираш соддатар аст, чун 5 равоқаи он корношоям аст.
Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки тибқи мушоҳидаи мо дар пули Кофарниҳон ба ҳадде корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст, аммо дар пули Элок ҳеҷ гуна таъмиру тармим ба назар намерасад.
Дар соли 2017 бо мақсади таҳлили амиқи ҳолати садамавии пулҳои мазкур, таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим гурӯҳи корӣ ташкил гадид ва ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти бавуҷудомада як қатор сохторҳои марбута вазифадор гардиданд.
Исмон Шаропов, Сардори шуъбаи истехсоли-техникии Муассисаи Давлатии «Мудирияти корхонаи сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо, гуфт: «Роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат аз замони ба садама дучор гардидани ин пулҳо ҷиҳати таъмиру тармими онҳо чораҷӯи намуда истодаанд. Ҳануз соли 2016, тибқи ҳисобу китоб барои сохтани баражи пули Кофарниҳон 5 миллиону 345 ҳазору 610 сомонӣ муқаррар карда будем, ки то ба ҳолати соли 2019 2 миллиону 910 ҳазору 700 сомони аз худ карда шуда, дар соли 2019 850 ҳазор сомонии дигар аз буҷҷа ҷудо гардид».
Ба гуфтаи кормандони ин ниҳод аз соли 2016 то ба имрӯз 65-70% корҳои сохмони дар баражи пули Кофарниҳон аҷом ёфтааст. Вале дар тули ин солҳо бо сабаби якбора ҷудо нагардидани маблаѓ ва тул кашидани корҳои сохтмонӣ оби дарё ба сифати корҳои анҷомёфта зарар расонидааст.
Сабабҳои ба садама дучор гардиани пулҳо
Мутахасссони Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назаранд, ки сатҳи дарёи Кофарниҳон дар 5-6 соли охир наздики 5 метр паст шудааст, ки сабаби аслии ин ҳолат фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои истеҳсолкунандаи қум ва шаѓал мебошад. Тибқи мушоҳидаҳои мо воқеан дар қисми болоии пули дарёи Кофарниҳон наздики 6-7 корхона ва дар қисми пойёнии он 4-5 тои дигар фаъолият мебаранд. Мутахассисон икрор мекунанд, ки коркарди зиёди қум ва санги дар соҳили дарё мавҷудбуда сабабгори аслии паст шудани сатҳи он гашта, дар зимн пояҳо ва баражи пулро фарсуда гардонидааст. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки дар атрофи купруки Элок корхонаҳои истеҳсоли қуму шаѓал умуман фаъолият намебаранд, агар омили аслии дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани пулҳои мазкур фаъолияти рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсуб ёбанд, пас пули дарёи Элок чаро ба садама дучор гардид?
Вобаста ба равшан намудани ин масъала Фирӯз Давлатзода гуфт: «яке аз омилҳои ба садама дучор гардидани пули дарёи Элок ин тули солиёни дароз фаъолият намудани он бошад, сабаби дигар ба офатҳои табиӣ марбут аст».
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, дар ҳама мавсимҳои боришотӣ сатҳи дарёи Элок дар ҳоли нигаронкунанда боло меравад. Офати табиӣ ва ё сели дар соли 2016 омада, ки дар пай зиёда аз 12 миллион сомонӣ ба ноҳия хисороти иқтисодӣ расонид, ба ҳолати пули мазкур зарба зад.
Мутахассисон бар он назар ҳастанд, ки мувофиқ ба ҳисоботҳои умумӣ барои азнавсозӣ гардидани пули дарёи Кофарниҳон наздики 5-миллион доллари Амрикоӣ сарф мешавад. Дар ҳоле, ки сабабгори аслии ба ҳолати садамавӣ дучор гардидани пули мазкур конхонаҳои истеҳсолии қуму шаѓал дониста мешаванд, фаъолияти онҳо боз ҳам дар ин мавзеъ идома дорад.
Ба гуфтаи намояндагони Муассисаи Давлатии «Мудирияти корхонаи сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баражи пули Кофарниҳон ба итмом хоҳад расид ва иншооти мазкур ба ҳадде хавфи садамавӣ будани пули мазкурро коҳиш хоҳад дод. Аммо вобаста ба таъмири пули Элок то ба ҳол чораҳои амалӣ андешида нашудааст.
Дар ҳар сурат вақт собит хоҳад кард, ки сохтмони баражи купруки Кофарниҳод мувофиқ ба гуфтаҳои намояндагони ин ниҳод дар вақти муқарраргардида ба анҷом хоҳад расид ё на, аммо вобаста ба пули дарёи Элок, ки ҳолати садамавии он хавфнок аст, кай чораандешӣ хоҳад шуд, ин суол то хануз посухи худро наёфтааст.
Суѓдмеҳри Маъруфзод






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: