Рушди деҳот18-01-2019, 09:51
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Бо дӯстон нақша кашидем, ки ду рӯзи истироҳатиро (5-6 январ) дар ноҳияи саноатии Ёвони вилояти Хатлон гузаронем. Бо ин мақсад бо рӯҳи болида роҳ сӯйи ноҳия гирифтем. Аммо хушҳолии мо дер давом накард. Вақте ба маркази ноҳия ворид шудем, валангории роҳи марказиро дида, табъамон хира гашт. Чанд дақиқаи дар роҳ ҳаракат кардан аз харобии роҳ хеле хаста шудем. Вазъияти моро ронанда эҳсос карда, барои дилбардорӣ такрор ба такрор як гапро мегуфт: «Зиқ нашавед, рӯзе не, рӯзе ин роҳ обод мешавад. Охир ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияҳои саноатии мамлакат мебошад. Ҳатман рӯзе чашми масъулини Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ин тарафҳо меафтаду ҳоли зори мо ронандагон ва сокинонро дида, раҳмашон меояду ин роҳро таъмир мекунанд». Баъд аз суҳбат маълум гардид, ки ҳақиқатан тамоми ронандагон аз мушкилоти ин роҳ монда шудаанду намедонанд дардашонро ба кӣ гӯянд. Аксарияти онҳо бо табъи хира дар ин роҳ, ки асфалташ ҳар ҷо ҳар ҷо канда шуда, чуқуриҳои зиёде ба чашм мерасад, хеле оҳиста мошин меронанд. -Дар масъалаи роҳҳои ноҳияи мо чизе ҳам нагӯем мешавад. Ман ҳамчун ронанда пеш аз ҳама андозсупоранда ҳастам. Вақте ронандагон андоз месупоранд, масъулин вазифадоранд, ки роҳҳоро дар ҳолати хуби техникӣ нигаҳдорӣ кунанд. Ба ғайр аз оне, ки ҳамасола ҳудуди 1000 сомонӣ мошинамро ҳуҷҷат мекунам, дар ин роҳҳо маҷбурам 6 моҳ пас бо ҳамин қадар маблағ қисматҳои гардишкунанда (ходовой част)-и мошинамро иваз кунам. Баъзан як амартизатору пружина як моҳ нашуда вайрон мешаванду мешикананд. Ман дар бораи роҳи қисмати берунии ноҳияи Ёвон - Абдураҳмони Ҷомӣ чизе намегӯям, зеро баъзан агар каме беэҳтиётӣ кунӣ, мошинат дар чуқуриҳо дармемонад. Вале роҳҳои марказии ноҳия, ки ҳамарӯза меҳмонони зиёди хориҷӣ гузар мекунанд, бояд каме озода ва ба талабот ҷавобгӯ бошанд. Баръакс қисматҳои дохилиноҳиявии роҳҳо низ аз дигар қисматҳояш фарқ намекунанд. Андозҳои месупоридаи мо ба куҷо мерафта бошад? Ба фаҳмиши ман, ҳар намуди андоз бояд ба ҳамон самти худаш равона гардад. Фарз кардем, агар дар ноҳияи мо 20 ҳазор мошин бошад, пас онҳо ҳамасола бо ҳисоби миёна ҳудуди 6 миллион сомонӣ андоз аз воситаҳои нақлиёт месупоранд. Пас, ин пулҳо куҷо мераванд, мо намедонем, -мегӯяд бо нигаронӣ Алишер Рӯзиев, ронанда. Як чиз моро бештар ба ҳайрат гузошт, ки ин роҳи навтаъмиркардаи маркази ноҳия мебошад. Чанде пеш чанд километри роҳи марказиро мумфарш карда буданд. Аммо пас як ё ду ҳафта роҳ чунон валангор гашт, ки бештари ронандагон ва сокинони ноҳия дар ҳайрат монданд. Онҳо то ҳол худ ба худ ва такрор ба такрор мегӯянду савол медиҳанд, ки чӣ тавр роҳи навсохташуда ин қадар тез хароб шуд? Оё роҳ ба сифати хеле паст таъмиру тармим шуда буд? Назорату қабули он бар дӯши кӣ буд? Ҳамаи мо хуб медонем, ки барои як километр роҳро таъмир кардану асфалт рехтан маблағи зиёд сарф мешавад. Чаро барои таъмир беҳуда маблагӣ зиёд сарф шуд? Қурбоналӣ Ёров, сармуҳандиси Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон вобаста ба мушкилоти мазкур чунин ибрози андеша кард: «Соли равон аз тарафи соҳибкорон зиёда аз як километр роҳи шаҳраки Ёвон пурра таъмир шуд. Ҳамзамон аз тарафи Раёсат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 2-3 маротиба таъмири ҷорӣ анҷом ёфт. Аммо сабаби тез-тез валангор шудани роҳҳо ин куҳна будани асфалти пешин мебошад. Мо то имрӯз роҳҳоро пурраи таъмир накардаем, танҳо аз болои асфалте, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ рехта буданд, асфалти нав мерезем. Барои ҳамин асфалти нав рехташуда нағз намечаспад. Имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои таъмири пурраи капиталӣ иҷозат дода нашудааст. Агар мо хоҳем, ки роҳ ба муддати тӯлонӣ хизмат кунад, онро таъмири капиталӣ кардан лозим аст. Барои ин қарор, фармон ва ё иҷозати мақомот лозим аст. Кори имрӯзаи мо хоҳем - нахоҳем бенатиҷа аст». Дигар ин ки роҳҳои пиёдагарди маркази ноҳия низ дар ҳолати харобиовар қарор доранд. Дар асфалт ё ин ки хомакории ин роҳравҳо ҳар ҷо -ҳар ҷо кандаву чуқуриҳои зиёде дида мешавад. Роҳравҳои пиёдагард ҳам ба таъмири капиталӣ ниёз доранд. Пулҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта Баъд аз тамошои роҳи марказӣ сӯйи бозор равон шудем. Пойафзоли дӯстам Қурбон, ки дар роҳҳои валангору пур аз об тар шуда буд, пойафзоли нав харид. Баъди сайру гашт дар назди бозор як саҳнаи дигар табъи моро боз ҳам хиратар кард. Ин аз кӯпруки оҳанин гузаштани сокинони ноҳия буд. Чанд лаҳзае мо бо ранҷи зиёд гузаштани сокинони ноҳияро аз дарёча дар рӯзи боронӣ дида, дар ҳайрат афтодем. Ду тарафи кӯпрук пур аз лой аст, сокинон хазида мебаромаданду мефаромаданд. Солҳои пеш дар ин макон купрук вуҷуд дошт, аммо 5 сол қабл онро сел шуста бурд. Се сол пеш барои пайваст кардани ду минтақаи калони ноҳия сохтмони кӯпруки калонро оғоз карданд, аммо то ҳол он ба итмом нарасидааст. Шариф Раҷабов, сардори идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ёвон вобаста ба мушкилоти мазкур зимни суҳбат ба мо чунин гуфт: «Моҳи майи соли 2014 боришоти зиёд шуду оби сел пулро шуста бурд. Мо маҷбур шудем сохтмони онро моҳи сентябри соли 2016 аз сифр оғоз кунем. Баъд аз ҳисоби мутахассисони соҳа маълум гардид, ки барои сохтмони пурраи пул, ки аз 63 метр дарозӣ ва 18 метр паҳноӣ иборат аст, 23 миллион сомонӣ лозим будааст. Танҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия 6,6 миллион сомонӣ барои сохтмони пул ҷудо гардид. Дар муддати се сол 60-70 фоизи кор анҷом ёфтааст. Барои пурра сохтани пул на кам аз 5 миллион сомонии дигар лозим аст. Сабаби тӯл кашидани сохтмони кӯпрук набудани маблағ мебошад. Чор моҳ мешавад, ки барои сохтмон маблағ ҷудо намешавад ва кор айни ҳол дар ин ҷо манъ шудааст. Дар як сол аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия як ё ду миллион сомонӣ барои сохтмони пул ҷудо мешавад. Дар ин ҳолат кори сохтмон мумкин аст, ки 5-10 сол тӯл кашад. Мо барои сохтмони ин пул ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа. Аз тарафи ягон ташкилоти ватаниву хориҷӣ, ҳатто соҳибкорон кумаке нарасидааст. Ҳукумати ноҳия имрӯз маблағе надорад, ки маоши кормандонро бидиҳад. Хуб мешуд, ки барои сохтмони пул мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ кумак расонад. Ё ин ки андози якмоҳаи як заводеро, ки имрӯз дар ноҳия фаъолият мекунад, барои сохтмони пул ҷудо кунанд, мумкин мо онро пурра сохта ба истифода диҳем. Ё ин ки вилоят директорони яке аз заводҳоро супориш диҳад, ки андози якмоҳаи корхонаро барои сохтмони пул сарф намояд, нуран ало нур мешавад. Ҳозир система ҳамин хел шудааст, ки маблағи андоз ба вилоят меравду аз он ҷо баъд ба дигар ноҳияҳо тақсим мешавад. Мо соҳибони маблағи андози корхонаҳоямон маошамонро гирифта наметавонем, аммо дигар ноҳияҳо аз ҳисоби мо соҳиби маблағ мешаванд. Маоши моҳи ноябрро бо як азоб гирифтем, аммо инак моҳи декабр ҳам ба охир расид, аммо аз маош дарак нест. Бо ин аҳвол боз мегӯянд, ки Ёвон ноҳияи саноатӣ. Имрӯз аз заводҳоямон танҳо чангаш ба мо мерасаду халос». -Мо чун дидем, ки сохтмони кӯпрук тӯл кашида истодаасту сокинони ноҳия аз ин тараф ба он тарафи дарёча бо ранҷ мегузаранд, махсусан дар барфу боронгариҳо, аз оҳанҳои кӯпруки асосӣ, ки барои сохтмони пули нав ҷудо шуда буд, дар паҳлуи он пули на он қадар калони оҳанин сохтем. Охир дар назди ин кӯпрук бозор ҷойгир аст, барои ҳамин рафтуомади сокинон зиёд аст. Ғайр аз ин имрӯз ду кӯпруки дигаре, ки дар ноҳия ҷойгир аст, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Барои барқарор кардани ҳар кадоми он се миллион сомонӣ лозим аст. Таъмири ин ду пул хеле зарур аст. Агар таъмири онҳоро сар накунем, мумкин аст, онҳоро низ аз даст бидиҳем. Мутаассифона имрӯз маблағе намеёбем, ки пули асосие, ки ду қисмати калони ноҳияро ба ҳам пайванданд, бисозему,- меафзояд бо алам Ш. Раҷабов. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Бовар дорем, дар ин солҳо ба рушди деҳот ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар эътибор дода мешаваду чунин камбудиҳо роҳи ҳалли худро меёбанд. Ҳасан АЗИЗОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.