
Нафақахӯрони гуруҳи аз 70-сола болои Туркманистон, ки ҳақ доранд, пули нафақаи худро нақдина бигиранд, дар моҳи сентябр бе сармоя монданд.
Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, онҳо аз қоидаи нави дарёфти пули нафақа танҳо баъд аз ҷорӣ шудани он хабардор шудаанд.
"Нафақахӯрони гуруҳи 70-сола ва онҳое, ки ҳақ доштанд, нафақаи худро нақдина гиранд, аввали моҳи сентябр огоҳ карда шуданд, ки барояшон нақдина ҷудо нашудааст ва онҳо бояд барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза нависанд", - афзуд хабарнигор.
Вале ба гуфтаи хабарнигор, онҳое, ки пештар барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза навишта буданд, то ҳол маблағи худро дарёфт накарданд.
"Ба нафақахӯроне, ки ариза навишта буданд, дар моҳи сентябр пул ҷудо нашудааст. Онҳо бояд аз қайди шуъбаи таъминоти иҷтимоӣ мегузаштаанд. Тибқи қоида, гӯиё нафақахӯрон бояд дар се моҳ як бор аз қайди шуъба гузашта, зинда будани худро исбот мекардаанд", - изҳор дошт хабарнигор.
Мақомоти Туркманистон пардохти сартосарии пули нафақаро ба воситаи кортҳои бонкӣ моҳи майи имсол баъд аз он оғоз карданд, ки сини гуруҳи нақдинагирон боло бурда шуд. Аз 1 июл пули нафақаи шаҳрвандоне, ки ба сини 70 нарасидаанд, ба кортҳои бонкӣ гузаронида мешав