Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

14-12-2019, 10:42
Хабарро хонданд: 539 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон13 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.

Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 25-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Имрӯз тибқи омори расмӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Масъалаи шашуми рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад.

Иштирокчиёни Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ карданд. Аз онҳо 14 нафар занон ва аксарият мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.

Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.

Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Бахтиёр Ҳамдам бори дигар сармуҳаррири Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” интихоб гардид.
РӮЙХАТИ
номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)


1. Фаттоҳзода Саймурод Самад 15 ноябри соли 1958 дар ш. Кӯлоб таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1981 Дошишгоҳи давлатии Москва, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро хатм намудааст, журналист-ходими адабӣ, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Муовини якуми Раиси ҲХДТ
2. Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 01 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, ҳуқуқшинос. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода 18 феврали соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст, журналист, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои филологӣ. Муовини Раиси ҲХДТ
4. Содиқӣ Насиба Нуруллозода 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст, филолог, доктори илмҳои фалсафа. Вакили МН МО ҶТ
5. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Тағойзода Сумангул Саид 19.декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХД. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Солҳои 1995 ва 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва баъдтар иқтисодчӣ хатм кардааст. Вакили МН МО ҶТ
8. Қосимзода Идигул Тағо 04 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1990 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм кардааст, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Амонулло Хайрулло 10 августи 1967 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ. Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
10. Матробиён Саодатшо Қосимзода 17 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро хатм кардааст, филолог, номзади илмҳои филологӣ. Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11. Холиқзода Абдураҳим Ғафор. Соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Вакили МН МО ҶТ
12. Табарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 феврали 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1985 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ
13. Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович 01 ноябри соли 1974 дар ноҳияи Лахш таваллуд шудааст, миллаташ қирғиз, узви ҲХДТ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии технологии Ҷумҳурии Қирғизистонро хатм кардааст, муҳандиси соҳаи энергетика. Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш.
14. Идизода Файзалӣ Фузайлшо 03 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст, миллташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ФР, ш. Москваро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
15. Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна 27 июли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, муҳандис-технолог-механик, хуқуқшинос. Ректори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд
16. Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода 05 марти соли 1976 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди Президенти ФР-ро хатм кардааст, филолог, сиёсатшинос. Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Ҷӯразода Шарофиддин 09 марти соли 1966 дар ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст, миллаташ узбек, узви ҲХДТ. Соли 1989 Техникуми политехникии топографии ш. Москва ва солҳои 1999 ва 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Ш. Шотемурро хатм кардааст, иқтисодчӣ, муҳандис-заминсоз. Директори Институти лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”.
18. Назаров Файзалӣ Насруллоевич 20 октябри соли 1959 дар шаҳри Левакант таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст, духтури ҷарроҳ. Сардухтури беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар
19. Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир 2 майи соли 1960 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1987 Политехникуми шаҳри Душанбе, соли 1994 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст, хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо, механиконии кишоварзӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
20. Давлатзода Рухсора 30 октябри соли1972 дар ноҳияи Б. Ғафуров таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст, номзади илмҳои филологӣ. Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
21. Тешаева Сафиямоҳ Саломовна 23 январи 1974 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ, соли 1997 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст, омӯзгори забони англисӣ. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Синои ш.Душанбе
22. Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна 17 феврали соли 1966 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, соли 2002 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ ва 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, омӯзгор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос. Раиси Ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ.
23. Амирбекзода Ҳабибулло 07декабри 1979 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм намудааст, ихтисос фаъолияти ҳуқуқи байналхалқӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит. Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ
24. Давлатзода Зулфия Давлат 13 марти 1974 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ, соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо номи М. Назаршоевро бо ихтисоси филологияи шарқ хатм кардааст. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
25. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ 23 октябри 1989 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик узви ҲХДТ, соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм кардааст, ҳуқуқшинос. Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
26. Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович 2 январи соли 1968 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, журналист. Сармуҳарири рӯзномаи “Минбари халқ”
27. Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода 27майи 1970 дар ноҳияи Ҷ.Расулов таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, агроном. Муовини якуми раиси ш. Конибодом
28. Абдуллозода Фариза Саидқул 23 ноябри1978 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, филолог. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: