DataLife Engine > Хизб, Фаъолияти хизбиён > ҲИЗБЕ, КИ МЕҲВАРИ ВАТАНПАРАСТИВУ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

ҲИЗБЕ, КИ МЕҲВАРИ ВАТАНПАРАСТИВУ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ


5-12-2019, 16:44. Разместил: orifi ҲИЗБЕ, КИ МЕҲВАРИ ВАТАНПАРАСТИВУ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад».
Эмомалӣ Раҳмон

Қабл аз баёни андеша тавассути минбари баланди ҳафтаномаи “Минбари халқ” 25 – солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз номи аъзо ва алоқамандони шаҳри Хуҷанд ба кулли сокнони кишвар муборакбод гуфта, барояшон сарбаландиву хонаободӣ ва муҳаббати бепоён нисбат ба халқу Ватан таманно менамоям.
Ин ҳизби мардумӣ ба муаррифӣ ниёз надорад ва бурду бохти чаҳорякасрааш мисли оина ба чашми аҳли ҷомеа намоён аст. Новобаста ба ин, ҳар сари чанд вақт зиндагӣ ва авзои сиёсӣ зарурати муаррифии шоистаи ҳизби моро ба миён меоранд.
Аввали солҳои навадум кишвари мо ба имтиҳони сахту сангине дучор ва авзои сиёсӣ бо айби иддае аз аҳримансифатон вазнин гардид. Мамлакат ба роҳнамо ва тӯдакаше ниёз дошт, ки халқро аз паси худ ба сӯи зиндагии ростин ва муваффақ барад. Баъди як соли навмедиҳову шикастанҳо зимоми роҳбарии давлат ба зимаи шахсе вогузор гардид, ки воқеан ҳам дилсӯзи халқ ва дӯстдори Ватани аҷдодӣ буда, бо хиради воло ва сиёсати дурбинона барояшон бахшидану созиш кардан бо мухолифин хос буд. Қобили зикр аст, ки таъсис ёфтани ҲХДТ ва дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба бонуфузтарин неруи сиёсӣ табдил ёфтани он ҳам ба фаъолияти серҷабҳаи Пешвои муаззами миллат алоқамандӣ дорад.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҳизбҳои сиёсии амалкунанда барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум ягон иқдоми шоистаро рӯи кор оварда натавонистанд.
Сарфи назар аз мавҷудияти аҳзоби мухталиф, ҷомеа ба як неру ё ташкилоти сиёсии наве ниёз пайдо кард, то тамоми мардуми кишварро зери як андеша муттаҳид гардонад ва ҳалқро ба ҷодаи созандагию бунёдкорӣ раҳнамоӣ намояд.
Дар чунин даврони пуртазод бо чунин мақсади наҷиб, бобати пиёдасозии андешаи миллӣ ва татбиқи меъёрҳои демократӣ, бо пешниҳод ва Сарварии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали соли 1993 Ҳизби Халқии Тоҷикистон (баъдтар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) таъсис ёфт, ки он моҳияти демокративу дунявӣ дошта, ҳукумат ва мардум дар чунин шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар симои ҳизби нав такягоҳи боэътимоди худро дарёфтанд.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, бояд ҳамеша ниёзҳои иҷтимоии мардуми кишварро бароварда тавонад. Тавре яке аз ташкилкунандагон ва поягузорони ҳизб Сайфулло Сафаров дар хотираҳои худ таъкид намудааст: “муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсан иштирок доштанд, ҳар як санади ташкилии ҳизбро мавриди назар қарор дода, онҳоро таҳрир ва такмил медоданд”.
Ин ҳизби созандаву бунёдкор ҳанӯз зимни қабули аввалин барномаи хеш эълон намуд, ки ҳадафи вай тибқи Оиннома иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ба вуҷуд омад, ташаккул ёфт ва дар роҳи фаъолияти чорякасраи худ зинаҳои нав ба нави густаришу пешрафтро сипарӣ намуд. Чунки маҳз ин сиёсат манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеаи моро ифода намуда, тайи ин солҳо ҳизб воқеан ҳам ҳизби халқӣ, ҳизби мардумӣ гардид.
Обрӯ ва эътибори ҳизби маҳбубамон пеш аз ҳама натиҷаи татбиқи ниятҳои созанда ба хотири осудагии рӯзгори мардуми кишвар буда, аз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳарчанд 24 июни соли 1998 бо Қарори Конфронси муассисон ташкил шуда бошад ҳам, идеяи таъсиси он ҳанӯз аз солҳои 1994-1995 дар андешаи равшанфикрону пешқадамон ҷой дошт. Зеро давоми чор соли фаъолияти ҳизб аллакай соҳибназарон дарк намуда буданд, ки мақсади он бо ормонҳои миллӣ вобастагии кулл дорад. Ва пайравону иродатмандон омодагии худро ба шомил шудан ба ҳизби навтаъсис нишон медоданд.
Аввалин ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ, тандурустиву маориф таъсис ёфта, зимни қабули аъзо масъулин бештар ба олимону зиёиён, махнаткашони одӣ такя мекарданд.
Агар дар солҳои аввали таъсисёбӣ ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 600- 700 нафар аъзо дошта бошад, айни замон, шумораи онҳо 17 ҳазору 677 нафарро ташкил медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки 698 нафар аъзои ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 74 нафарро докторону профессорон, 624 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.
Раиси муаззами ҳизб дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб аз 7 феврали соли 2019 таъкид доштанд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо барои нишон додани қобилияту маҳорат ва истифодаи донишу малакаи ҳосилкардаашон имкони бештар дода шавад. Тибқи мушоҳидаҳо имрӯз фаъолият дар сохторҳои ҳизбӣ боиси ифтихор буда, хоҳишмандони он, махсусан, аз ҳисоби ҷавонон хеле зиёданд. Агар 5 сол муқаддам шумораи кормандони кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 5 нафар бошанд, ҳоло ин теъдод ба 20 нафар расидааст, ки аксаран ҷавононанд.
Гузашта аз ин, кумиҷроия соҳиби дастгоҳи қавии инъикоси чорабиниву рӯйдодҳои шаҳр ва берун аз он аст. Шаш сол боз нашрияи кумиҷроия бо номи “Шафақ” нашр мешавад. Он дар солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамагӣ бо теъдоди 500 нусха моҳе як маротиба чоп мегардид. Шурӯъ аз соли 2019 он ба ҳафтанома табдил дода шуда, бо теъдоди 2000 нусха нашр мешавад. Ҳамзамон, сомонаи кумиҷроия фаъол аст ва муҳимтарин хабару рӯйдодҳоро дар саҳифаҳояш инъикос месозад. Дар ин радиф, ба мавоҳои ғаразноки душманону бадхоҳони миллат ва хоинони Ватан вокуниши саривақтӣ нишон медиҳад.
Барномаи ҲХДТ бо барномаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар ва роҳандозӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавъам мебошад. Дар татбиқи ҳадафҳои мазкур аъзою алоқамандони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, иқдомҳои шоистаро рӯи кор оварда истодаанд. Зимни мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа таъкид мегардад, ки ба шарофати амалӣ шуда истодани чор ҳадафи стратегӣ ҷумҳурии мо тавонист иқтидори истеҳсолии худро афзун ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардумро таъмин намояд.
Тибққи дастуру ҳҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ санаи 7 феврали соли ҷорӣ бо мақсади тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва марказҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанон кумиҷроия бо Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия “Ҳамватан” ҳамкории қавиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли равон сафари кории раиси кумиҷроия ба ин вилоят сурат гирифт. Чунин корбариро мо дар оянда низ давом доданӣ ҳастем.
Боиси ифтихор аст, ки аз оғози корҳои барқароркунӣ ва сохтмони НБО “Роғун” ҲХДТ сарпарасти маънавии ин иншооти муҳими аср мебошад. Бо мақсади бохабар шудан аз ҷараёни сохтмон ва болида сохтани хотири сохтмончиён дар арафаи ҷашнҳои мубораки моҳи ноябр як гурӯҳ фаъолони ҳизб дар ҳайати рӯзноманигорону нависандагон, ҳунармандон, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳаллӣ дар вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Дар доираи ин сафар, дар сари дастархони идона бо бунёдгарони неругоҳ мулоқоти хотирмон аҷом дода, барномаи фарҳангӣ доир карда шуд. Чунин боздид ва мулоқоти гарму самимӣ бо афсарону аскарони қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Роғун қарор дорад, ба амал омад. Дар рафти чорабинии фарҳангӣ дар сари хони идона аз ҷониби кумиҷроия ба фонди китобхонаи қисми ҳарбӣ чанд номгӯй китобҳои тозанашр ҳадя гардид.
Имрӯз ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми шоистаи худро муайян ва пайдо намуда, чун неруи бузурги созанда таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободӣ, рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар сафи ободкунандагони Ватан қарор доранд ва минбаъд низ ба халқи сарбаланд хизмати шоиста хоҳанд кард.

МАЛИКИСЛОМӢ Наим Мунаввар, раиси
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Вернуться назад