Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизби тақдирсоз

Ҳизби тақдирсоз

10-12-2018, 17:09
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби тақдирсоз

Ҳамсафону хамдиёрони азиз!
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хизби зодаи даврони сохибистиқлолии кишвар 24-сола шуд. Дар 24 сол ин ҳизби бунёдкор тавонист ҳама орзуву ормонҳои миллиро зери роҳбарии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Точикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиёда сохт, ки ҳамагон аз фаьолияти бомароми он огоҳем. Ҳизбе, ки аз миёни халқ эҷод шуд имрӯз бемуҳобот дар хизмати халқу Ватан буда, ғояхои фаьолияти он дар доираи халқпарварию ватандӯстӣ ташаккул ёфтаасту минбаьд ҳам барои халқ хизмат мекунад.
Низоми таърихи давлатдориву давлатсозии чанд садсолаи охири ҷомеа собит намудааст, ки ҳар як ҷараён ва ё неруи сиёсии амалкунанда замоне ба ҳадафҳои аслиаш муваффақу комгор мегардад, ки агар иҷрои хостаҳояш ба мардум наздику пайванди ногусастанӣ дошта бошад.
Нахуст бо тавзеҳи нуктаи муқаддимотӣ ва бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯз сароҳатан метавон афзуд, ки ҲХДТ тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накӯсиришт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.
Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, авлавияти рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсиси ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ карда мешавад.
Табиист, ки ҲХДТ фаъолияташро аз рӯзҳои нахустини корӣ дар асоси қонунҳои амалкунада ва меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ба иҷро расонида, дар самти гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии дигари фаъол ба таври густарда ба роҳ монд.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зикргардида метавон ёдовар шуд, ки давоми чанд соли охир ҲХДТ барои ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодири замон нақши арзишманд дорад.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз комёбиҳои арзишманд имрӯзҳо ҲХДТ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ гардонад.
PS: Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (минбаъд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).
12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил гардид.
10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкили ҲХТ қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХТ-ро таҳти № 199 номнавис намуд.
30 марти соли 1996 Анҷумани II ҲХТ доир гардид.
7 сентябри соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб – рӯзномаи «Минбари халқ» аз чоп баромад.
25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.
18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.
23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.
22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.
Дар ростои таҷлили 24-солагии таьсисёбии ҳизб ҳамаи аьзоёну ҳаводорон ва фаьолони ҷомеаи маданиро ба ин рӯзи фирӯз табрик мегӯем.
Рӯзи таьсисёбии ҲХДТ муборак!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: