Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фиристода бояд, ки доно бувад

Фиристода бояд, ки доно бувад

5-12-2019, 16:37
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Фиристода бояд, ки доно бувад
2 декабр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода - муовини Раиси ҲХДТ, ¬¬Юе Бин – фиристодаи Вазорати корҳои хориҷии Чин, собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣӣ мулоқоти судманд доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ, инчунин, масъулони ҳизбии ноҳияҳои Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.
Дар оѓози нишаст, Раъно Бобоҷониён ҳайати меҳмонони чиниро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, сипас,аз сатҳи ҳамкориҳои самарабахши ҳар ду кишвар ёдовар шуд.Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики стратегии кишвари мо дар беҳбуд ва нумӯи самтҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, энергетика ва кишоварзӣ нақши намоён дорад.Сипас, ¬¬Юе Бин дар мавзӯи «Дурнамои устувори рушди ҳамкориҳои ниҳоии Тоҷикистону Хитой» маърӯза кард.
Номбурда, аз ҷумла дар мавриди ҷойгоҳ ва нақши ҳамкориҳои самарабахш дар доираи лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ёдовар гардид, ки татбиқи саривақтии чунин лоиҳа ва тарҳҳои муштарак ба ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҶумҳурииМардумии Чин Си Ҷинпин рабт гирифта, яке аз нишонаҳои равшани муносибатҳои дӯстонаи Сарварони ҳар ду кишвар дониста мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки яке аз бахшҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чорчӯби робитаҳоиҲХДТ бо ҲКЧ сурат мегирад. Ҳайатҳои ҳизбии Тоҷикистону Чин мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба ва шиносоӣ бо тарзи зисту пешрафтҳои иқтисодӣ ба кишварҳои якдигар сафарҳо анҷом медиҳанд.
Дар бахше аз ин вохӯӯрӣ кормандони масъули кумитаҳои ҳизбӣ ба дипломати чинӣ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфт карданд.
Юе Бин,ки солҳои 2016-2018 фиристодаи Чин дар Тоҷикистон буд, аз дипломатҳои ботаҷриба ва бо собиқаи кор дар кишварҳои мустақил ҳамсуд аст, забони русиро хуб медонад ва суханрониву ҷавобҳояшро бо ин забон ба аҳли нишаст пешниҳод мекард.
Бар асоси нақшаи сафар ин дипломати чинӣ, инчунин,дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар низ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод.
Юе Бин, ки ҳоло дар Вазорати корҳои хориҷии Чин фаъолият дорад, аз ҷумла дар нишасте дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма вохӯрда, оид ба «Бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» миёни Тоҷикистону Чин ва рушди минбаъдаи он» суханронӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи ду мамлакатро рӯ ба тавсеа арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки Тоҷикистон нахустин шуда, моҳи сентябри соли 2014 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар таъсиси якҷояи «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим»-ро ба имзо расонид.Мувофиқи санади мазкур ҳадафи асосии татбиқи ин ташаббус амалӣ гардонидани мақсадҳои рушди стратегӣ, барқарор намудани муколама ва муносибатҳо оид ба стратегия, нақша ва сиёсатҳои рушд, таҳияи ҳамкории инвеститсионӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ, баррасии тарз ва усулҳои пеш бурдани ҳамкории амалӣ ва мутақобила, дастрасӣ ба ҳамкории иқтисодии муштарак ва манфиатҳои дуҷониба муайян шудааст.
Суҳбатҳои дипломати чинӣ ҳамон сухани ҳаким А. Фирдавсиро ба ёд меорад, ки дар мавриди сифатҳои сафир ё ҳамон фиристодаи як мамлакат ба малакати дигар гуфта буд:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан тавонову бино бувад.
Ю. Солеҳ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: