Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Бобоҷониён бо сафири Белорус

Мулоқоти Бобоҷониён бо сафири Белорус

1-02-2017, 14:04
Хабарро хонданд: 535 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Бобоҷониён бо сафири Белорус Дирўз Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмудзода Раъно Бобоҷониён сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Ивановро ба ҳузур пазируфта, бо ў мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот бону Раъно Бобоҷониён дипломати Белорусро ба фаъолиятҳои сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фраксияи ҳизб дар парлумони кишвар, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои созандаи ҲХДТ, нақши занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ, муваффақиятҳои ҳизб дар маъракаҳои интихоботӣ, ҷудо шудани квотаҳо барои бонувон дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии ҳизб ва ғайра ошно сохт. Ҳамзамон мавсуф таъкид намуд, ки ҲХДТ дар ҷомеа обрў ва нуфузи фарогир дошта, нақши пешбару пешсафиро дар умури сиёсиву иқтисодӣ касб намудааст.
Сафири Белорус ҷаноби Олег Николаевич аз пазироии самимӣ ва маълумоти муфассал дар мавриди вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, хостори он шуд, ки сарфи назар аз ҳамкориҳои хубу ҳасанаи миёни Тоҷикистону Белорус мо ба таҳкими робитаҳои миёни ҳизбҳо ниёзманд ҳастем. Равобити парлумонии Белорусу Тоҷикистон ҳам мустақиман ва ҳам дар доираи Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар айни замон қаноатбахш мебошад. Вакилони ҳарду порлумон дар таҳияи қонунҳои намунавӣ (модулӣ) нақши сазовор доранд, ки ин раванд аз омилҳои рушди ҳамкориҳои ду ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Дипломати белорус афзуд, ки дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва маориф ҷумҳуриҳои мо ҳамкориҳои хуб доранд. Донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Белорус таҳсил мекунанд. Мо бояд дар соҳаҳои техникӣ бахусус сохтмони марказҳои таъмиру тармими тракторҳо дар Тоҷикистон иқдомҳои муассир анҷом диҳем, зеро ки дар парки техникии Тоҷикистон тракторҳои белорусӣ хеле зиёданд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки робитаҳои байниҳизбиамонро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоем. Бо ин мақсад ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бояд дар ояндаи наздик созишнома ба имзо расонем.
Суҳбат дар фазои самимият гузашт.

Усмон Солеҳ, котиби матбуотии ҲХДТ[right][/right]
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: