29 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе пазироии намояндагони бонуфузи Ҳизби Коммунистии Хитой баргузор гардид. Ҳайати гурӯҳи меҳмонони воломақом аз Лэн Жуан, узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, сардори Маркази омӯзиши ҳуҷҷатҳои ҳизбии назди ҲКЧ (сардори ҳайат), Тсян Найчэн, Сардори раёсати Авруосиёи шуъбаи алоқаҳои байналмилалии КМ ҲКЧ, Ван Тсянву, муовини сардори раёсати Маркази омӯзиши ҳуҷҷатҳои ҳизбии назди КМ ҲКЧ, Ли Ин, Тсян Фэн, Сюй Тзинтсян-муовинони сардори бахши раёсати Авруосиёи шуъбаи алоқаҳои байналмилалии КМ ҲКЧ, Юе Бин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юй Чунли, мушовири сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Мяо Ҷие, сардори шуъбаи масоили сиёсии сафорати Чин дар Тоҷикистон иборат буд.
Нахуст вохӯрии ҳайати баландмақоми ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократӣ Фаттоҳзода Саидмурод Самад доир гашт. Ҷонибҳо сари масоили равобити дуҷониба изҳори андеша намуданд. Муовини аввали Раиси ҲХДТ С.Фаттоҳзода аз ҷумла чунин зикр кард:
-Боварии комил дорам, ки боздиди шумо қадами дигар барои боз ҳам вусъат бахшидани муносиботи тарафайн ва қавӣ гардонидани алоқаҳои байниҳизбӣ хоҳад буд. Барои кишвари мо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи нек, иттифоқчии боэътимод ва шарики калидии иқтисодист. Мо кумаки ҳамаҷонибаи Чини ба мо дӯстро дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон қадр мекунем. Роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои муҳим дар иқтисодиёт, энергетика, инфрасохтори нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург доранд. Тавассути сармоягузорӣ ва қарзҳои имтиёзноки чинӣ ҳамаи лоиҳаҳои дар боло зикргардида вусъати тоза пайдо намуда, амалӣ гашта истодаанд, ки мо онро дар мисоли роҳ ва нақбҳое, ки шимолу ҷануби кишварро ба ҳам мепайванданд, инчунин роҳи нақлиётӣ-тиҷоратии шарқии Душанбе-Хоруғ-Кошғар, ки шаҳрҳои кишвари моро бо шимолу шарқи Чин пайваст, идомаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон бо давоми хатсайр ба Афғонистон, ба истифода додани шабакаи барқу гармидиҳии Душанбе-2, пайваст намудани шабакаҳои барқии Шимол-Ҷануб мебинем ва он танҳо бархе аз мисолҳои ҳамкории тарафайн судманд аст, ки мо шоҳид ҳастем. Бисёри онҳо қисмате аз эҳёи камарбанди иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим аст.
Ба ҳамаи ин, албатта, сафар ва мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, ки дар муносиботи густурдаи кишварҳои мо дар ҳама самтҳо, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони мо ва таъмини сулҳу субот дар минтақа аст, нақши муҳим доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд натиҷаҳои Анҷумани 19-и Ҳизби Коммунистии Чинро, ки ба наздикӣ дар Пекин баргузор гардид, қабул карданд. Ташаббуси аз ҷониби Котиби Генералии КМ ҲКЧ, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин пешниҳодгардида-«Як камарбанд-як роҳ» аз нигоҳи мо диди васеъ ва таърихии рушди минтақавӣ дар дурнамои босамар мебошад. Дар он мақоми асосиро масоили таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва баҳамоии маънавии халқҳое, ки ба роҳандозии ин барнома алоқаманд ҳастанд, ишғол кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст зери Меморандум оид ба пешбарии муштараки ташаббуси сарвари Чин-«Як камарбанд-як роҳ» имзо гузошт ва ҳамаҷониба эҳё гаштани зарфияти иқтисодии кишварҳоеро, ки дар хатсайри таърихии Роҳи Бузурги Абрешим ҷойгир шудаанд, дастгирӣ мекунад. Роҳандозии ин ташаббуси таърихӣ дар ҳамгироӣ бо Стратегияи Миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 пурра ба ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон созгор аст. Итминон дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳуҷҷати барномавии таърихӣ иштироки бевосита ва фаъолона хоҳад дошт.
Сипас вохӯрии ҳайати ҳизбии КМ ҲКЧ бо раисону котибони комиҷроияҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҳизб, бахши ҷавонони ҲХДТ ва воситаҳои ахбори омма доир гардид. Сарвари гурӯҳи ҲКЧ, узви КМ ҲКЧ, сардори Маркази омӯзиши ҳуҷҷатҳои ҳизбии КМ ҲКЧ Лэн Жуан ва меҳмонони дигари воломақом ҳисоботи густурдаи Анҷумани 19-и Ҳизби Коммунистии Хитойро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Гуфта шуд, ки дар кори он натиҷаҳои амалисозии нақшаву барномаҳои Анҷумани 18-и ҲКХ баррасӣ шуда, ҳадафҳои нав пеши ҳизб ва давлат гузошта шуд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди сиёсиву иқтисодӣ дар роҳандозии ин дурнамову барномаҳо мақоми хосро дорост. Меҳмонон ҳамчунин ба суолҳои иштирокдорони вохӯрӣ посухҳои қонеъкунанда доданд.
Азамат Дӯстов