Сафари ҲХДТ ба Чин12-09-2018, 09:17
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Як ҳайати расмии ҲХДТ имрӯз ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар кард. Бино ба иттилои бахши умумии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, сафари ҳайат, ки бо даъвати шуъбаи робитаҳои байналмилалии КМ Ҳизби коммунистии Хитой сурат мегирад, аз 12 то 22 сентябри соли равон идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ба ҳайати ҳизбӣ раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» шомил буда, онро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён раҳбарӣ мекунад. Даъвати ҳайати ҳизбии ҲХДТ ба Чин дар доираи барномаи ҳамкориҳои байни ҳизбӣ буда ва бо ҳадафи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, тавсиаи робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Хитой ба иҷро мерасад. Интизор меравад, намояндагони ҲХДТ вақти боздид аз шаҳр ва минтақаҳои Хитой бо мақомоти расмии чинӣ мулоқот карда,бо фаъолияти корхона ва ширкатҳои бузурги саноатӣ ва маконҳои таърихию сайё ин кишвар аз наздик шинос мешаванд. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.