Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар мақоми раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шаҳло Акобироваро иваз кард, ки муҳлати фаъолияташ дар ин симмат анҷом ёфт.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки 29-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, аъзои нави раёсати Шӯро ва раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ интихоб гардиданд. Инчунин Илҳоми Ҷамолиён ва Дилором Маҳкамова узви Раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд.
Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО роҳбарону намояндагони ташкилотҳои журналистӣ ва нашрияҳои кишвар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Нуралӣ Саид, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бархе ташкилотҳои ҷамъиятву созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур аз кори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тайи як сол ва бурду бохти бахши рӯзноманигорӣ дар кишвар гузоришҳо дода шуд.
Аз ҷумла, устоди ДМТ, узви раёсати Шурои ВАО Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи «Натоиҷи 6-моҳаи мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» дар ВАО-и кишвар”, Илҳом Ҷамолиён, муовини раиси ИЖТ дар вилояти Суѓд, дар мавзӯи «Омилҳои аслии рушд накардани бозори реклама дар ВАО-и тоҷик”, Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии бозори реклама дар ВАО” суханронӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон соли 2009, ҳамчун як созмони мустақили журналистӣ ташкил карда шуд. Он дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи журналистону хабарнигорон, инчунин, муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.
Дар гузашта созмони мазкурро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.
Ибодуллоҳи ТОҲИР