Ёд аз Гулмуродзода ва баррасии масъалаҳои матбуот27-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Дар конференсияи илмию амалии «Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот» мавзӯъҳои гуногуни рушд ва пайвандҳои мавҷуд байни ин ду падида мавриди баҳс қарор мегирад.
Тавре Қироншоҳ Шарифзода, як узви кумитаи тадорукот ба хабарнигори мо гуфт: - Ин конференсия бо ибтикори факултети журналистикаи ДМТ, Иттифоқи нависандагон ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ рӯзи 2 июн баргузор мегардад. Вай қайд кард, ки дар ин чорабинӣ ҳудуди 20 маърӯза ва гузоришҳои илмӣ дар мавзӯъҳои «Ғояҳои маорифпарварон дар публисистикаи Мирзоҷалол Юсуфзода», «Публисистикаи Пайванди Гулмуродзода», Тарғиби илму дониш дар осори публисистии маорифпарварони охири асри 19 ва аввали асри 20», «Ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна», «Саидризо Ализода, нависандаи аввалин китоби «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ», «Ғояи мулкдорӣ дар «Туҳфаи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Хаким» ва ғайра баррасӣ мешавад. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, конференсия дар доираи гиромидошт аз 60-солагии муҳаққиқи равоншод Пайванди Гулмуродзода – донишманд ва рӯзноманигори тоҷик баргузор мешавад ва бинобар ин чанде аз маърӯзаҳо ба нақши ӯ дар омӯзиши таърихи матбуоти тоҷик, шинохти чеҳраҳои маорифпарварон ва рушди низоми таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар конференсия шахсиятҳои шинохта дар доираҳои илмию адабии Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори ДМТ, Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагони МО, Маҷид Салим, мудири шуъбаи очерк ва публисистикаи ИН, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи рӯзноманигорон, устодони Донишгоҳи миллӣ Мурод Муродов, Масрур Абдуллоев, Қаҳҳор Расулиён, Давлатбек Хоҷаев, Намоз Ҳотамов ва даҳҳо нафари дигар иштирок ва суханронӣ мекунанд. С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.