Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

3-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Рӯ ба рӯ бо мардумРӯзҳои 27 ва 29 январи соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони ҲХДТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Аз Паём то Паём» баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сафаргул Бухориева, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Вилоят Мирзоева, Гулҷаҳон Бобосодиқова ба сухан баромада, доир ба Паёми навбатии Президенти кишвар, ҳамчунин масъалаҳои солимии оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба никоҳи барвақтӣ, муҳоҷират ва пайомадҳои он, ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ва илм, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз суҳбат карданд.

Ҳангоми дидор бо мардум муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён аз ҷумла зикр намуд, ки мақсад аз Соли оила эълон шудани соли 2015 ин пеш аз ҳама солиму устувор нигоҳ доштани оила ва тарбияи насли солим аст. Мавсуф такя ба маълумоти сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Тоҷикобод Гулнисо Саидова ин нуктаро ёдовар шуд, ки агар соли 2014 дар ин ноҳия 28 оила пош хӯрда бошад, пас дар соли 2015 ин нишондиҳанда як баробар кам шудааст. Маълум, ки чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар устувории оилаҳо бетаъсир набудааст.
Рӯ ба рӯ бо мардум

Р. Бобоҷониён зикр намуд, ки дар ҳақиқат оила макони меҳр аст, ки инсон дар он тарбия меёбад. Ҷомеа бошад, ба оила такя мекунад. Пешравии давлат низ аз оилаҳои солим ва мустаҳкам вобаста аст. Дар Паёми имсола Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои роҳбарияти давлату ҳукумат зиндагии шоистаи ҳар як тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст. Лекин хоҳу нохоҳ ҳодисаҳое, ки дар дунёи Араб мегузаранд, буҳрони молиявию иқтисодие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба зиндагии имрӯзаи мо бетаъсир нест. Новобаста аз ин барои мо-занон дар ҳама ҷода сулҳу оромӣ, амнияти кишвар дар ҷои аввал меистад. Ба қадри мумиё нафаре мерасад, ки устухоншикастааст. Мардуми мо ҳодисаҳои вазнинро аз сар гузаронд. Аз ин рӯ бояд ба қадри сулҳу оромӣ расид, гуфт ӯ.

Муовини Раиси ҲХДТдар идомаи суханрониаш қайд кард, ки мо пеши роҳи муҳоҷиратро гирифта наметавонем, вале ин равандро паст мекунем. Бино ба иттилои ӯ дар ду соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 457 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил шудааст.

Иштирокчиёни вохӯриҳо низ фаъол буда, дар бораи ғамхориҳои давлат ва ҳукумат, масъулияти ҳар шаҳрванд дар иҷроиши қонунҳо ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин бо таҳсил фарогирифтани духтарон, эҳтироми волидайн аз нуктаҳои меҳварии суҳбатҳо буд.
©А.Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: