Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сайёраи Замин дар рӯёрӯйи бо мушкилоти глобалӣ

Сайёраи Замин дар рӯёрӯйи бо мушкилоти глобалӣ

4-11-2019, 13:30
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Сайёраи Замин дар рӯёрӯйи бо мушкилоти глобалӣ
Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва гайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафаи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: «Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва беинзиботи ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад». Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан, табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар ҷаҳон ва шароити фазои кайҳон таҳқиқоти бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина, корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.
Вуҷуд доштани ташвишу изтироби инсонӣ дар бастагӣ бо мушкилоти глобалӣ, ки сайёраи Заминро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, маънои онро дорад, ки инсони ҳушманд ҳамеша барои бартараф кардани мушкилот ва масоили ҳалталаби зистӣ-биологӣ, муҳитӣ-экологӣ, фикрӣ, равонӣ ва амсоли инҳо тавассути ба кор андохтан ва фаъол сохтани коргоҳи мағзӣ талош карда, бад-ин васила, роҳро барои ошкор сохтани мушкилоти умумисайёравӣ ва кайҳонӣ ва натиҷатан, танзим кардани барномаҳои зистӣ ва ҳамшарикии иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои сайёравӣ, ҷаҳонӣ ва кайҳонӣ ҳамвор месозад. Ҳанӯз табиатшинос ва файласуфи маъруфи англис Бертран Рассел дар нимаи дуюми садаи бистум ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буд, ки инсон дар пешорӯйи хатарҳои кайҳонӣ қарор дорад ва ҳамасола имконоти зист барои инсон бар асари хатароти табиӣ дар сайёраи Замин коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, инсонро зарур аст, ки дар андешаи муттаҳид кардани неруҳои ақлонӣ ва зеҳнии башарӣ шуда, ҷилави хатарҳои умумиинсонӣ ва куллисайёравиро, ки пеш аз ҳама, ба инсон ва ҷомеаи инсонӣ садама мезананд, бигирад. Гузашта аз ин, сайёраи инсониро дар садаи бистум ду ҷанги ҷаҳонӣ – Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1914-1918) ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945) дунболагирӣ намуда, бар асари ин ҷангҳо миллионҳо нафар ҷони худро аз даст дода, миллионҳо нафар дар тангнои тақдир афтида, миллионҳои дигар ятиму бепарастор монданд.
Чуноне ки тазаккур ёфт, худпарастӣ, худкомагӣ ва зӯрозмоии қудратҳои сиёсӣ дар садаи бист боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми ҶаҳонСайёраи Замин дар рӯёрӯйи бо мушкилоти глобалӣ 50 дарсади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дарсад расид (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар раванди ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад (ниг.:Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 226). Тағйироти иқлимӣ ва ноҷур шудани низоми муҳити сайёра дар натиҷаи таркишҳо, инфиҷороти бомбҳо, ба кор андохтани яроқи ҳастаӣ дар минтақаҳои Херосима ва Нагасакии Ҷопон вазъи куллии муҳитзистиро дар Замин вайрон карда, силсилаи бемориҳои гуногунро дар ҷомеаҳои ҷангзада тавсеа бахшид. Муҳаққиқон асароти яроқи ҳастаиро то имрӯз дар миёни ҷомеаҳои Шарқи Дур ба қайд гирифтаанд. Ҳамчунин, хисороти ҳангуфти молию иқтисодие, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз худ ба мерос гузошт, ҷаҳони инсониро солиёни дароз дар вартаи буҳронҳои амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ дошт.
Истифодаи маводи таркишии кимиёвӣ ва ба дунболи ин инфиҷороти рӯзмаррае, ки дар Ховари Миёна ҷони ҳазорон нафарро аз байн мебарад ва миллионҳоро дар вартаи гуруснагӣ, нодорию бенавоӣ нигоҳ медорад, имкони муътадили зистро дар сайёра зери суол мебарад.

Қудратталабиву худхоҳии давлатҳои абарқудрат ва бархӯрди ғайримунсифонаи манфиатҳо дар замони муосир мушкили инсониро дар курраи Замин садҳо баробар афзуда, хатарҳои нави глобалиро ба вуҷуд овардааст. Хатару мушкилоти терроризм, экестремизм, қочоқи маводи мухаддир, харидуфӯруши одамон ва амсоли инҳо масоили дардовари башарианд, ки ғолибан аз бархӯрди манфиатҳо сарчашма мегиранд. Ин аст, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои қудратманди ҷаҳонро зарур аст, барои пешгирӣ аз хатари нобудии инсоният дар курраи Замин, ки хонаи ҳамаи инсонҳо ба ҳисоб меравад, авлавият бахшидани манфиатҳои инфиродию гурӯҳии хешро канор бигузоранд ва дар мадди аввал манфиатҳои умумиинсониро вогузошта, дар масири ҳалли мушкилоти ҷаҳони инсонӣ қадамҳои устувор бардоранд. Донишманди шаҳири амрикоӣ Вилл Дюронт дуруст дарк кардааст, ки башарият дар тӯли таърихи мавҷудият танҳо аз назари эҳтимолият дар баробари хатарҳои заминиву кайҳонӣ то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз сарнавишти башар дигар дар дасти худи ӯст. Ё донишу имкониятҳояшро барои нигоҳ доштани ҳамин намуди биологӣ, ки «инсон» ном дорад ва дорои тамаддуни инсонӣ буда, курраи Замин хонааш мебошад, огоҳонаву оқилона сафарбар намуда, худ ва ҳамнаслонашро дар баробари хатароти заминиву кайҳонӣ ва инсонӣ ҳифз менамояд ё дар баробари хатароти зикршуда маҳв мегардад. Рисолати инсони огоҳ, ҳушманд ва солимақл ҳифз кардани сайёраи Замин аст. Бар ин маъно, устод Мирзо Турсунзода ҷиддӣ фармуда буданд:
Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Нозим Нуров,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: