Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

23-08-2018, 09:53
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» заминагузори аз байн бурдани таҳдидҳо
Мувофиқи таҳқиқоти олимон имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза танқисӣ мекашанд. Ин дар ҳолест, мувофиқи тахмини коршиносони соҳа то соли 2050 аллакай дастрасӣ ба захираҳои об аз 25 то 30 дарсад кам мешавад. Бо дарки ин ҳолат имрӯз норасоии оби ошомиданӣ аз мавзӯъҳои мавриди омӯзиш ва муҳими ҷомеа ҷаҳонӣ маҳсуб ёфтааст. Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби ошомидани маҳсуб меёбад, вале Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопаризи ҷомеа ҷаҳонист, сокинони он мушкилоти кишварҳои дар фазои сулҳу субот умр басарбарадаро мушкилоти худ дониста, дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонӣ худро дар канор нагузоштаанд. Ҳамин аст, ки бо дарки норасоии оби ошомидани дар олам, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Тоҷикистон Қатъномае таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 пешниҳоди СММ гардид, ки он аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои сайёра дар муддати кӯтоҳ ҷонибдорӣ гардида, мавриди амал қарор дода шуд.
Санаи 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, қабул намуд.
Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, вале зарурати пешниҳод намудани чунин иқдом то куҷо саривақтиву зарури аст мавзӯе буд, ки мо пайгирии он намудем.
Зимни таҳлилу баррасии ин мавзӯи аён гардид, ки об ва норасоии он ба қисме аз таҳдиду хатарҳои муосири имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз қабилӣ буҳрони молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда алоқаманд буда ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ «Об — барои рушди устувор», ки идомаи Даҳсолаи байналмилалӣ амалиёти «Об — барои ҳаёт» мебошад, бо роҳҳои такмили механизмҳои ташаккул ва паҳн намудани дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилои нави алоқаманд ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, дастрасии аҳолии сайёра ба оби нӯшокӣ ва шаффофияти экологиро дар бар гирифтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ, тараққиёт ва васеъшавии истеҳсолот мураккабшавии ҳолати экологӣ ва ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла захираҳои обӣ ва истифодаи он аз сарчашмаҳо боиси кам шудани обҳои нӯшокӣ гардидааст. Нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд ки имрӯз дар курраи замин зиёда аз 2 млрд. нафар аз обҳое истифода мебаранд, ки ба талаботи тозагию беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри мутахассисону коршиносони соҳа баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии курраи замин ба норасоии захираҳои оби нӯшокӣ дучор мегарданд. Аз рӯи таҳлили коршиносону олимони соҳаи тандурустӣ қариб 50 дар сади бемориҳои сирояткунанда, ки имрӯзҳо миёни башарият доман паҳн намудаанд, маҳз аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ва барои нӯшидан номуносиб сар мезананд. Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ «Об — барои рушди устувор» низ маҳз ба ҳамин ҷанбаҳои хатарзо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти ивазшавии қабати озонӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии курраи замин бо оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист, кам кардани исрофи об, пешгирии ифлосшавии он, истифодаи самараноки захираҳои обӣ даъват менамояд.
Мувофиқи таҳлилҳо имрӯзҳо ҷаҳон ба мушкилоти зиёди марбут ба об мувоҷеҳ мебошад. Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 фисади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шўршавии тақрибан 20 дарсади заминҳои обёришуда оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери хатар мегузорад. Зеро айни замон наздики 60 фисади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд. Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, тавсеаи ҳамкориву ширкат, тақвияти амалҳои зеҳниву молиявӣ ва техникии ташкилотҳои марбут ба об ва афоиши маблағгузорӣ дар ин самт аз ҳадафҳои муҳими Даҳсолаи байналмилалӣ амал «Об — барои рушди устувор» ба шумор рафта, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат хоҳад намуд.
Аз рӯи таҳқиқоти гурӯҳи дигари коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод, ки ин ҳолат ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Ба иқрори коршиносон бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Бар замми ин раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунанд.
Қолиби қайд аст, ки иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50%-и сарчашмагирии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Дар маҷмӯъ 55,4 дарсади захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби боигарии захираҳои об дар миқёси ИДМ баъди Федератсияи Россия дар ҷои дуюм, дар миқёси Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал ҷой дорад. Инчунин дар асоси арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон аз рӯи 98 дарсади истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, бо истеҳсоли ин намуди энергия имконияти ба атмосфера кам партофт шудани газҳои гулхонавиро дорад. Аз чунин далелҳо бармеояд, ки имрӯз Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии норасоии об дар ҳоли бархурд қарор нагирифтаасту чунин пешниҳодот ва мувоҷеҳ шудан ба пробмелмаи соҳаи об аз ғамхорӣ нисбат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имрӯз қисме аз манотиқи сайёра ба норасоии оби ошомидани рӯ ба рӯ шудаанд дарак медиҳад.
Дар фарҷом ёдрас менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз 22 марти соли 2018 мавриди амал қарор гирифта 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Аз рӯи таҳлилҳо имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба саҳми Қатъномаи мазкур ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти дар самти об вуҷуд дошта бовариву эътиқод зоҳир намудаанд ва итминон аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷиҳати аз байн бурдани таҳдидҳо нисбат ба зиёд шудани норасоии оби ошомидани миёни бошандагони сайёра саҳми назаррасеро соҳиб хоҳад шуд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: