Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон ба Ватан меояд

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон ба Ватан меояд

22-10-2019, 16:47
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков пас аз баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24 октябр тавассути хатсайри Кросноярск – Душанбе ба Ватан меояд. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, маросими истиқболи ин варзишгари маъруф соати 9:00, дар қисмати пазироии меҳмонони олиқадри Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Ҳамзамон зимни маросими истиқбол бо Сомон Маҳмадбеков нишасти хабарӣ доир карда мешавад. Журналистон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат метавонанд дар нишасти хабарӣ иштирок намоянд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дӯстдорону ҳаводорон ва мухлисони ин навъи варзишро ба маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков даъват менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, Сомон ба ҳамаи рақибонаш пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон) шикаст дода, дар даври дуюм варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон Асад Масабировро дар 2,38 сония мағлуб намуда, ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд.

Дар даври сеюм Сомон бо Абдумалик Умаев аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолибияти соф ба даст овард. Дар даври нимниҳоӣ Сомон дар 19 сония бар паҳлавони австралиягӣ Гаснер Самуел ғолиб омада, ба финали мусобиқа роҳхат гирифт.

Дар сабқати ниҳоӣ Сомон варзишгари Россия Георгий Елбакиевро дар 3,42 сония мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73 кг гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: