Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НА ҲАМА ЗАН САЗОВОРИ НОМИ МОДАР АСТ

НА ҲАМА ЗАН САЗОВОРИ НОМИ МОДАР АСТ

8-10-2019, 10:17
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
НА ҲАМА ЗАН САЗОВОРИ НОМИ МОДАР АСТ
Муноқишаи як ҷавондухтари тоҷик дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн гардид, сару садоҳои зиёде ба бор овард.
Дар навор дида мешавад, ки ҷавондухтари тақрибан 23-25 солаи тоҷик бо сабабҳои номаълум бо ронандаи нақлиёти мусофиркаш даргир шуда, бо байёни суханҳои қабеҳ ва гушхарош атрофиён ва ҳатто бинандаи ин наворро ба ҳайрат меоварад. Зан бо дашномҳои такрор ба такрор ба мисли «…дар даҳонат фалон мекунам…», ҳатто ба сару рўи ронанда зарба мезанад. Агарчӣ дигар мусофирон духтарро ба оромӣ даъват мекунанд, вале бе натиҷа. Маврид ба ёдоварист, ки ҳолати ба вуқуъомада, ки он ҳам дар шабакаҳаи иҷтимоии инернетӣ паҳн карда шудааст, нахустин ҷангу хархаша ва бемаданятии баъзе аз ҷавондухтарони тоҷик нест, балки ҳамарўза дар ин ё он ҷойҳои ҷамъиятӣ бадрафтории тоифаи латиф мушоҳида мегардад.
Ин ҳама бадрафториву бадгуфтории баъзе аз занону ҷавондухтарони мо дар ҳолест, ки миллат дар чеҳраи Зан-Модар офарандаву тарбиятдиҳандаи наслҳоро мебинад.
Дар эҷодиёни нависандагону шоирони классик ва мусири тоҷик, рафтор, гуфтор ва пиндори Зан-Модар ба хубӣ васф шуда, қимати зан дар зинаҳои болоӣ қарор гирифтааст.
Ҳатто дар таълимотии кулли адёни ҷаҳонӣ зан ҳамчун тоифаи латифу пурмеҳр васф шуда, хушрафтории ў талқин мегардад. «Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад».
Дар эҷодиёти бузургон омадааст, ки Зан – Модар ҳамчун сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти инсоният, рафиқи бовафои мард, модари меҳрубони фарзанд, хоҳари дилсӯзи бародар, сутуни асосии хонадон ва тарбиятдиҳандаи наслҳо мебошад.
Ин ҳама васфи Зан-Модар дар ҳолест, ки имрўз то куҷо мувофиқ будани амалу кирдори баъзе аз бонувон бо ин ҳама калом муаммоеро мемонаду халос. Риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва рафтору муоширати намунавӣ бо атрофиён, яке аз рукнҳои умдаи фарҳанги шаҳрнишинӣ аст. Агар чунин бонувон хатто ба ҷинси латиф будани худ арҷ намегузоранд пас ҳуқуқе надоранд, ки ба оромии тартиботи ҷамъиятӣ лакна ворид сохта аз худ ҳамчун Зан-Модари тоҷик дарак доданд. Дар ин маводи рўи қогаз оварда, мо аз бефарҳангии баъзе аз занону духтарон дар самти риоя накардани фарҳанги шаҳришинӣ ҳарф нахоҳем зад, чун дар ин самт низ мутаасифона бетаваҷҷўҳиву бемаданиятӣ ба ҳадди нигаронкунанда зиёд аст, вале зан бояд арзиши номи модарӣ дошта бошад.
Суғдмеҳри Маъруфзод


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: