Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид

Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид

3-10-2019, 17:29
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид
Пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали сайёҳии «ТурСтат», ки рейтинги беҳтарин шаҳрҳо барои сайёҳати тирамоҳӣ пешниҳод кардааст, хабар медиҳад.

Тибқи рейтинги мазкур, ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои саёҳати тирамоҳӣ инчунин Минск, Остона, Ереван, Алмаато, Боку, Тошканд, Кишинёв, Бишкек ва Ашқобод шомил гардидаанд.

Мутахассисон ин рейтингро дар асоси маъруфияти шаҳрҳо дар байни сайёҳон таҳия намуданд. Сайёҳони рус кадом шаҳрҳоеро, ки барои саёҳат зиёдтар ба нақша гиранд, ҳамон қадар ин шаҳрҳо дар рӯйхати мазкур дар мақоми болотар ҷой мегиранд. Ҳамин тариқ, байни сайёҳон давлатҳои барои сайёҳӣ машҳури ИДМ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд.

Тибқи иттилои «TourStat», сайёҳони мустақил дар тирамоҳ ба шаҳрҳои ИДМ ба муддати кӯтоҳ — аз ду то се рӯз барои истироҳат меоянд. Аммо русҳо тавассути ин ширкат бо истифода аз саёҳатҳои ҳарҳафтаинаи сайёҳӣ аз тамошои зебоиҳои шаҳрҳои ИДМ лаззат бурданро афзалтар медонанд.

Асосан дар кишварҳои ИДМ сайёҳон барои хӯрок ва истиқомат аз 40 то 100 доллар сарф мекунанд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: