Хабарҳо4-01-2018, 13:29
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намуд, ки байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои ин кишвар хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода шаванд. Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрели соли гузашта Ӯзбекистон якҷониба парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошкандро, ки аз соли 1992 қатъ шуда буд, барқарор намуд. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад. «»»»»»»»»»»»» Дар рейтинги созмони байнулмилалии British Backpacker Society Тоҷикистон ба рӯйхати 20-гонаи беҳатрини кишварҳо барои саёҳати шавқовар шомил гардид. Филми велосипедрони швейтсарӣ доир ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон Кишварҳои бештар мувофиқ ба саёҳати шавқовару ҷолиб Покистон, Русия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон дониста шуда, Тоҷикистон дар паҳлӯи Лубнон ва Чин - дар мақоми 7-ум ҷойгир шудааст. Ӯзбекистон зинаи 19-умро касб кардааст. Дар идомаи рейтинг чунин кишварҳо ҷойгиранд: Гурҷистон, Уганда, Босния ва Герсеговина, Ӯрдун, Ироқ, Конго, Алҷазоир, Черногория, Миср, Руанда, Косово. Созмони байнулмилалии British Backpacker Society як ҷамъияти сайёҳие мебошад, ки фаъолияташ ба омӯзишу таҳқиқи кишварҳои начандон маъруф равона гардидааст. «»»»»»»»»»»»»» Ҳамсарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ва Гуландом Назармамадова ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон шуданд. Гуфта мешавад, озмун дар се давр ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаҳои беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод иштирок карданд. Озмун аз рӯи 6 шарт: муаррифии оила, бахши рӯзгордорӣ, бахши маънавӣ ва андарзӣ, бахши фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, оилаҳои ҷавон ҳар яке аз дигаре беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд. Ҷойи дуюми озмун ба беҳтарин оилаи ҷавон аз вилояти Хатлон, ҷойи сеюм ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ноҳияи Варзоб муносиб дониста шуда, ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо дипломҳо ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.