Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Америка Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввали амн барои сайёҳӣ шомил кард

Америка Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввали амн барои сайёҳӣ шомил кард

8-01-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Америка Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввали амн барои сайёҳӣ шомил кард

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида истодааст.

Ба иттилои номбурда, сол то сол шумораи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Америка барои саёҳат ба Тоҷикистон меафзояд. Тибқи маълумоти Кумитаи сайёҳӣ, соли 2017 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон 25 фоиз афзудааст. Давоми соли 2017 шаҳрвандони 146 кишвар аз Тоҷикистон дидан карданд ва дар маҷмӯъ шумораи сайёҳон дар ин сол ба беш аз 430 ҳазор нафар расидааст. Аз ҷумла, соли 2017 беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрванди Америка ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки аз ин шумора 2947 нафарашон ба хотири саёҳат ба мамлакати мо ташриф овардаанд.

Хушбахтона, бо эътироф аз талошҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи раддабандии ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбат касб кард.

Абдукарим Қурбонов ҳамчунин гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардида, аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳаи сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ давлати пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» ба даҳгонаи аввали кишварҳо аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ миёни 80 давлат шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста талош меварзад, ки бо истифода аз имкониятҳои табиии кишвар сайёҳони бештарро ба Тоҷикистон ҷалб намояд. Бо ин мақсад соли гузашта як ниҳоди нав-Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ таъсис дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки дастгирии навбатие, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат пешниҳод шуд, яъне Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ҳавасманд намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: