Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

2-10-2019, 09:40
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Бо таманниёти беҳтарин аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чинро ба муносибати ҷашни санаи дорои аҳаммияти таърихӣ — 70-мин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику муборакбодӣ менамоям.

Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд.

Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад.

Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Итминон дорам, ки татбиқи пайгиронаи натиҷаҳои музокироту мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, ба ин раванди самарабахш такони нав бахшида, муносибатҳои ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳарду ҷониб ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расонид.

Ҷашни пуршарафи 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо камоли самимият муборакбод гуфта, ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳҳатмандии комилу дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу амонии пойдор ва пешрафти бардавом орзу менамоям».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: