Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ

Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ

5-10-2018, 18:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
05.10.2018 16:33
Имрӯз, 5 октябри соли 2018, ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати зодрӯзашон барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ҷашни зодрӯзи Шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниётро иброз менамоям.

Таҳти роҳбарии қавии Шумо корҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон торафт дастовардҳои наву назаррас касб мекунанд. Чин ҳамчун кишвари ҳамсоя ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ аз ин дастовардҳои Тоҷикистон сидқан хушҳол аст ва мардуми тоҷикро таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди минбаъда, ки мувофиқ ба шароити миллии кишваратон мебошад, қатъиян дастгирӣ менамояд.

Айни замон муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят хуби рушд қарор доранд. Моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи сафари Шумо ба Чин ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Чиндао мо дидору мулоқоти муваффақ доир намуда, дар робита ба муносибатҳои дуҷониба нақшаҳои нави стратегӣ қабул намудем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти баланд дода, муносибати хуби корӣ ва дӯстии қарини шахсии бо Шумо барқарорнамудаамро қадр мекунам. Ман омодаам бо Шумо дар якҷоягӣ барои такон бахшидан ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ миёни Чин ва Тоҷикистон, барои хушбахтию шукуфоии мардум ва кишварҳоямон талош намоям.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам».

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шумо миёни ҳамватанон эҳтироми шоистаро сазовор буда, дар хориҷа ҳамчун ходими сиёсии соҳибтаҷрибаву дурбин ва пешвои ҳақиқии кишвари худ эътироф шудаед.

Дар Россия саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносиботи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни кишварҳоямон баланд арзёбӣ мекунанд. Мехоҳам омодагии хешро ба идомаи муколамаи созанда бо Шумо ва фаъолияти муштараки зич доир ба рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ ба хотири дӯстии мардумони кишварҳоямон ва ба манфиати пойдории суботу амнияти минтақавӣ баён намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва бурдбориҳо таманно дорам».

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Шуморо дар Ӯзбекистон ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсии замон, роҳбари дурандеш, бомаҳорат ва бохирад, ки рушди ҳамаҷонибаи мамлакатро таъмин менамоед, мешиносанд.

Нақши Шумо ҳамчун Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва соҳибдавлатии Тоҷикистон, пешрафти босубот бо роҳи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи мамлакат, ризоияту ваҳдати байни халқҳою шаҳрвандон бебаҳост. Сиёсати давлатии босамари Шумо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба инкишофи обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Мехоҳам қадрдонии амиқи худро ба Шумо ҳамчун Дӯсти ҳақиқӣ ва озмудашудаи Ӯзбекистон барои саҳми шахсии бузургатон дар таҳкиму рушди муносибатҳои дӯстона, равобити гуногунпаҳлӯи бисёрасраи бар риштаҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ асосёфта, умумиятҳои таърихии маънавию фарҳангии мардумонамон иброз намоям.

Тасдиқи барҷастаи ин гуфтаҳо муколамаи сиёсии дуҷонибаи бесобиқаи фаъол, пурмазмун ва созандаи дар сатҳи олӣ баргузоршуда маҳсуб меёбад.

Сафари аввалини давлатии Шумо ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои мо ба шарикии стратегӣ миёни ду давлат заминаи мустаҳкам гузошта, ба афзудани ҳамкории дуҷонибаи амалӣ дар ҳамаи самтҳо суръати баланд бахшиданд.

Муътақидам, ки ин ба ҳавасмандии аслии давлату мардумони мо ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба таҳкими фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини амният ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Мехостам миннатдории самимиамро барои меҳмоннавозии меҳрубононаи анъанавӣ ба ҳайати намояндагони мо зимни иштирок дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки 27-28 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими дил тансиҳатии комил, неруи беинтиҳо ва фатҳи қуллаҳои навро дар фаъолияти давлатиатон баҳри шукуфоии мамлакат, ба мардуми бародари Тоҷикистон-сулҳ, некӯаҳволӣ ва пешрафти минбаъда таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимиро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед.

Шумо бо шарофати меҳнати пайваста ба манфиати кишвар, таҷрибаи бой ва касбият дар фаъолияти идораи давлат миёни мардуми худ сазовори нуфузи баланд гардидед. Ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо рушди минбаъда ва пешрафти рӯзафзун хоҳонам.

Бо самимият сафари расмии Шуморо ба Остона ёдоварӣ намуда, мехоҳам махсус зикр намоям, ки мувофиқаҳои бадастомада ба ҳамкории ҳамаҷонибаи ҳарду кишвар мусоидат намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати Рӯзи мавлудатон самимона табрик мегӯям.

Имрӯз сулҳ, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикистон бо номи Шумо вобастаанд ва омилҳои асосии таъмини рушди устувор ва афзоиши иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошанд.

Озарбойҷон ва Тоҷикистонро муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ ва шарикӣ ба ҳам мепайванданд. Саҳми Шумо дар ҳифз ва ғанигардонии ин анъанаҳо бузург аст.

Бо қаноатмандӣ вохӯриҳои охирро бо Шумо дар Боку ва Душанбе ёдовар мешавам. Итминон дорам, ки ташрифҳои мутақобила ва робитаҳои пайваста минбаъд низ ба густариш ва тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкории кишварҳоямон мусоидат менамоянд.

Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимиро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо босуръат рушд мекунад ва давлат кафили суботу амният дар Осиёи Марказӣ гаштааст.

Мулоқотҳоямонро, ки имсол дар замини дӯст ва меҳмоннавози тоҷик доир шуданд, бо эҳсоси самимӣ ёд меорам.

Мутмаинам, ки мо метавонем бо кӯшишҳои муштарак нақшаҳои бузургро дар самти вусъат бахшидани ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ татбиқ намоем.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон дар мақоми баланди пурмасъулият муваффақиятҳо орзумандам».

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо ба муносибати Рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик мегӯям!

Мехоҳам барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ, ки нисбат ба ман ва ҳамаи аъзои ҳайати Қирғизистон зимни сафари кориам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шуд, изҳори миннатдорӣ намоям.

Итминон дорам, ки муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва созишҳои бадастомадаи бар принсипҳои баробарӣ ва ҳамкории мутақобила асосёфта минбаъд низ ба манфиати мардуми бародари ду кишвар тақвият ва таҳким хоҳанд ёфт.

Бо талошҳои муштарак муносибатҳои дӯстонаи давлатҳоямон дар оянда низ дар маҷрои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобила рушд меёбанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон самимона шукуфоии бештар орзумандам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хоҳишмандам, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи зодрӯзатон қабул фармоед.

Муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон, ки дорои решаҳои амиқи таърихӣ мебошанд, бар принсипҳои баробарҳукуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила асос ёфтаанд. Итминон дорам, ки робитаҳои дӯстонаи дуҷониба ва шарикии мутақобилан судманд байни кишварҳоямон минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушду таҳким меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимиро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!

Тамоми таърихи навини Тоҷикистон, муваффақиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва боло рафтани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ комилан бо номи Шумо марбут аст.

Мутмаинам, ки муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкории созандаи роҳандозишудаи Арманистону Тоҷикистон дар доираи сохторҳои бисёрҷониба, робитаҳои фаъоли дуҷониба, инчунин кӯшишҳои муштарак дар самти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар умум бар манфиатҳои таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои эҳтироми мутақобилаи халқҳои мамлакатҳои мо асос ётаанд.

Ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолиятатон ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдбориҳо таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Украина Петро Порошенко чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи мавлудатон қабул фармоед.

Умедворам, ки ҳамкорӣ миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бар асоси дӯстие, ки одатан хоси муносибатҳои кишварҳоямон мебошад, рушд меёбад.

Итминон дорам, ки фаъолгардии ҳамгироӣ дар асоси дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба манфиати ҳарду мардуми дӯст мебошад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандиву нерумандии бардавом ва дар фаъолияти муҳими давлатиатон муваффақиятҳои нави, инчунин ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу субот таманно дорам».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати зодрӯзашон идома дорад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: