Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

1-10-2015, 08:20
Хабарро хонданд: 487 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си ҶинпинПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам.
Дар даҳсолаи охир Чини бо мо дӯст дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.
Мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифт, баҳои баланд медиҳем.
Бовар дорам он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар ҷараёни сафари кории чанде пеш ба кишвари зебои Шумо анҷомдода ба имзо расонидем ва кӯшишҳои қобили қабули ҷонибҳо ба рушди муътадили ҳамкории мутақобилаи бисёрҷанба ҷараёни нав мебахшанд.
Ман муътақид бар онам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавобгӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшем.
Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, мехоҳам аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, сиҳатмандӣ, саодат ва амалҳои навро дар фаъолиятатон, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу рафоҳатро таманно кунам».
©prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: