Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАКТАБЕ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ

МАКТАБЕ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ

23-09-2019, 16:35
Хабарро хонданд: 411 нафар
Назарҳо: 0
МАКТАБЕ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВМуассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №148 дар шаҳри Ваҳдат ба номи Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор шодравон Асадулло Саъдуллоев, собиқ декани факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузошта шуд.
Бахшида ба 79-умин солгарди устоди зиндаёд, 21 сентябри соли равон дар муассисаи мазкур чорабинии тантанавӣ доир гардид. Бино ба иттилои Илҳомҷон Ҳамидиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва ҳамзамон, яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ, дар ин ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, омӯзгорону хонандагони мактаб, аҳли зиё ва шогирдону фарзандони Асадулло Саъдуллоев ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, нахуст муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода аз номи мақомоти маҳаллӣ суханронӣ карда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфт. Сипас, адибон Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон ва ҳамкорону шогирдони устод, аз ҷумла Наҷмиддин Шоҳинбод, Аламхон Кӯчаров, Аъзамҷон Азимов, Сангин Гулов, Илҳомҷон Хамидиён ва дигарон дар бораи ҳаёту фаъолияти пурсамари шодравон Асадулло Саъдуллоев ва саҳми назаррасаш дар рушди рӯзноманигории тоҷик андешаҳои худро баён карданд. Зимнан, пешниҳод гардид, ки барои як нафар толибилми беҳтарини мактаб дар ҷамъбасти соли хониш идрорпулии ба номи Асадулло Саъдулоев супорида шавад.
Фарзандони устод, ки дар чорабинии мазкур ҳузур доштанд, аз ин иқдоми шогирдон ва дастгирии мақомот хеле хушнуд шуданд. Акнун онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар мактаби мазкур осорхонаи Асадулло Саъдуллоевро таъсис диҳанд. МАКТАБЕ БА НОМИ АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ
Воқеан ҳам, устод дар рушди рӯзноманигории тоҷик саҳми арзандаи хешро гузоштааст ва дар тӯли умри бобаракати худ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Устоди равоншод 15 нафар шогирдони унвондор тарбия кардаанд.
Асадулло Саъдуллоев, 22-юми сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1962 хатм кардааст.
Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Сипас ба муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980-1984) дарс гуфтааст ва ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984-1987) низ кор кардааст. Дар солҳои 1992-2000 ва 2007-2009 мудири кафедраи телерадиожурналистика, инчунин солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Мавсуф 4-уми феврали соли 2016 аз олам даргузашт.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: