Тоҷикагролизинг: Тракторҳои Белорус рақобатпазиранд2-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз 1116 адад техника харидорӣ ва ба кишоварзон пешниҳод намудааст, иброз гардид дар нишасти матбуотии корхонаи номбурда. Соли 2015 барои мукаммал намудани 63 Маркази хизматрасонии техникӣ дар қаламрави мамлакат аз буҷа 4, 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки барои пешрафти фаъолияти соҳа ёрии амалӣ расонида тавонист.
Тибқи иттилои Юсуф Акрамзода, раиси корхонаи давлатии “Тоҷикагролизинг” айни замон хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба 29 ҳазор техника ниёз дошта, феълан хоҷагиҳои кишоварзӣ 26 ҳазор техника доранд, ки аз ин шумора 9 ҳазораш кор намекунад. Бо дарназардошти масоҳати замини кишти зироатҳои ғалладонагӣ бояд дар мамлакат 2 ҳазору 226 комбайн ғалларо саривақт ҷамъоварӣ намояд. Вале имрӯз дар хоҷагиҳо 1121 комбайн буда, 649 тоаш корношоям аст. Маҳз нарасидани техникаи ҳосилғундор сабаби асосии тӯл кашидани дарави ғалла ва иҷро нашудани кишти такрорӣ мебошад, мегӯяд Юсуф Акрамзода. Ба саволи хабарнигорон оид ба фоизи қарзе, ки техника ба кишоварзон дода мешавад, директори корхонаи номбурда посух дод, ки андозаи солонаи подошпулии лизинг 12 фоиз буда, аз арзиши боқимондаи техника ҳисоб карда мешавад. Ба иттилои Ю. Акрамзода «Тоҷикагролизинг» техника қарз медиҳад ва он дар хоҷагии деҳқонӣ нигоҳ дошта мешавад. То пурра иҷро шудани уҳдадориҳои шартномавӣ техника моликияти «Тоҷикагролизинг» аст ва баъди пардохти пурраи маблағ техника аз лизинггиранда мешавад. Дар робита ба талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини кишоварзон бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ ёдовар шудем, ки аввали солҳои 2000-ум бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Ҷопон 1200 техникаи кишоварзӣ харидорӣ ва ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон пешниҳод шуда буд. Оё имрӯз он техникаҳое, ки бояд хароҷоти худро мепӯшониданд, фаъол ҳастанд ё на, масъулини КВДҶ «Тоҷикагролизинг» посух доданд, ки корхонаи мо соли 2007 таъсис ёфтаву оид ба вазъи имрӯзаи техникаҳои номбурда иттилои саҳеҳ дода наметавонанд. Ба саволи дигари хабарнигори «МХ» оид ба ҳамкорӣ бо корхонаи трактористеҳсолкунандаи «Тоҷ-Ирон» посух чунин буд, ки дар муқоиса бо тракторҳои истеҳсоли кишвари Белорус техникаи «Тоҷ-Ирон» рақобатпазир нест. Ва мусаллам аст, ки мо ҳамкориро бо белорусҳо афзалтар медонем. Зеро корхонаи Белорусия имрӯз тайёр аст, ки техникаи худро бе пешпардохт ба мо дастрас намояд. ©Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.