Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳи оҳани Тоҷикистон ба мусофирон сабукиҳо пешниҳод мекунад

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба мусофирон сабукиҳо пешниҳод мекунад

28-01-2016, 09:44
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Роҳи оҳани Тоҷикистон ба мусофирон сабукиҳо пешниҳод мекунадКВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо дарназардошти таъсири буҳрони молӣ ба иқтисоди шаҳрвандони кишвар сабукиҳоеро барои сафар бо қатора пешниҳод намудааст.

Усмон Қаландаров, муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзи 27 январ дар посух ба саволи хабарнигори «МХ» гуфт, ки ин сабукиҳо дар ҷиҳати хариди билети қатора ва интихоби сафар бо роҳи оҳан ба хориҷ аз кишвар мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Вай тавзеҳ дод, ки билет барои сафар бо қатораҳои самти «Душанбе-Москва-Душанбе» ва «Хуҷанд-Москва-Хуҷанд» вобаста ба муҳлати харидории билет арзонтар фурӯхта мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, «Дар сурати хариди билет аз 31 то 45 рӯз пеш ба андозаи 584 сомонӣ ё 40 дарсад, аз 21 то 30 рӯз пеш то 512 сомонӣ, ки 35 дарсад аз нархи асосӣ арзон аст, билет фурӯхта мешавад». Мавсуф инчунин қайд кард, ки «Мусофирон дар сурати аз 5 то 20 рӯз пеш аз рӯзи сафари худ харидорӣ кардани билет ҳам аз чунин имтиёз бархӯрдор шуда, дар ҳаҷми 458 сомонӣ ва ё ба миқдори 31 фоиз билетро арзон харида метавонанд».

Бино ба қавли ин мақоми корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, сабукӣ барои мусофирон дар асоси созишномаи байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Пешниҳоди билети арзон аз нархи маъмулӣ аз сӯи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши ин ниҳод дар давоми соли 2015 ба воситаи поездҳо 426,8 ҳазор нафар сафар анҷом додаанд, ки ин шумора аз нишондоди мусофиркашонӣ дар соли 2014 ба миқдори 22,5 ҳазор нафар кам аст.
Айни замон аз Тоҷикистон ба Русия поездҳои мусофирбари «Душанбе-Москва» (ҳафтае се маротиба), «Хуҷанд-Москва» (ҳафтае як бор) рафта меоянд.
Қатори «Душанбе-Конибодом» ҳар сол дар мавсими баҳору тирамоҳ бо дархости Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба роҳ андохта мешавад.

Дар роҳи оҳани дохили ҷумҳурӣ қатораи наздишаҳрии «Душанбе-Пахтаобод» (ҳар рӯз) ба мусофирон хидмат мерасаонад.
©Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: