Корхонаи истеҳсоли тиллои «Пакрут» ахири моҳи октябр ба кор медарояд1-10-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30 сентябр аз корхонаи истеҳсоли тиллои ҶДММ «Пакрут» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид намуд. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) таъсис дода шудааст.
Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхона, макони истихроҷи ашёи хом ва анбори захираи маҳсулоти тайёр аз наздик шинос шуд. Ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки иқтидори корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли 2 тонна тиллоро ташкил дода, дар марҳилаи дуюм аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли 4 тонна тилло дар як сол мерасад. Тибқи нақша корхона аллакай аз охири моҳи октябр ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад. Дар ин корхона ҳудуди 1 ҳазору 300 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд, ки 60%-ашро шаҳрвнадони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод. Нахуствазир ба масъулини вазорату идорахои дахлдори кишвар ҷиҳати саривақт ба кор даровардани корхона ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат барои ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳо дод. ©Аваз Юлдошев ©news.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.