Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Омӯзиши забони англисӣ муҳим аст

Омӯзиши забони англисӣ муҳим аст

3-09-2019, 11:41
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши забони англисӣ муҳим аст
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Амрико дар Тоҷикистон командони зиёдеро аз корхонаҳои гуногуни давлативу ғайрдавлатӣ, хабарнигорон ва дигар хоҳишмандоне, ки барои омӯхтани забони ангилисӣ шавқманд астанд, муддати чанд сол аст, ки ба омӯзиш фаро мегирад. Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи хатми курсҳои омӯзиши забони ангилисии марҳилаҳои гуногун аз ибтидоӣ сар карда то дараҷаҳои баланди дониши забони англисӣ доир гардид. Дар ҷамъомад намояндаи доимии ташкилоти Оқохон, Директори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон, намояндаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, хатмкунандагонро ба ин рӯзи фараҳбахш табрик гуфтанд.
Зикр шуд, ки амӯзиши забони ангилисӣ дар замони муосир хеле зарурӣ ва ҳатмӣ аст. Тамоми барномаҳои ҷаҳонӣ, шабакаҳои интенетӣ, маводҳои илмӣ ва умуман дастрасӣ ба илму фан аксаран ба донистани забони ангилисӣ сахт алоқаманд аст. Онҳое, ки донандаи хуби ин забон мебошанд, ҳатман бурд хоҳанд кард. Имрӯз дар ҷаҳон ду забони абарқудрат вуҷуд доранд забони русӣ ва англисӣ, аммо чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, дастрасӣ ба илму фан ва маводҳои илмӣ дар ҷаҳони интернет 70% тавассути забони англисӣ мебошад, танҳо 30% онро метавон ба забони русӣ дастрас кард.Омӯзиши забони англисӣ муҳим аст
Имсол низ теъдоди зиёде Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдорро хатм карданд. Шумораи умумие, ки курсҳои омӯзиширо дар ин донишгоҳ ба анҷом расонданд, Сесаду шаш нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо аз рӯи дараҷаҳои омӯзишашон соҳиби шаҳодатномаҳои зерин гардиданд: Барномаи омодагӣ барои таҳсилоти баъдидипломӣ; Забони англисӣ барои мақсадҳои академикӣ; Барномаи омодагӣ барои таҳсилоти баъдидипломӣ; Забони англисӣ барои муошират, Барномаи Омодагӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии ИМА, Барномаи омузишии Таълим ва Тақвияти Малакаҳои Таълимдиҳҳи омузгорон. Аз онҳо ҳаштоду се нафар хатмкунанда соҳиби Шаҳодатнома комёбии забони англисӣ барои муошират гардида, тақрибан 60 нафар кормандони сохторҳои давлатӣ аз қабили Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати холдингии “Барқи Тоҷик” ва инчунин зиёда аз 100 нафар кормандони васоити ахбори оммаи мамлакат, ки дар тӯли 10 моҳ ба омӯхтани забони англисӣ дар Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор машғул буданд, соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд.
Гулҳаё М
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: