Забондонии донишҷӯён ба талабот ҷавобгӯ нест10-08-2017, 11:30
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологӣ ва менемеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб мушкилоти мавҷударо баррасӣ карданд. Гап дар бораи он рафт, ки иддае аз дастпарварони донишкада ба забони тоҷикӣ андешаи хешро босаводона навишта наметавонанд. Ректори дорулфунун иллатро дар он шарҳ дод,ки ба қоидаҳои забони тоҷикӣ ва беғалат навиштан асосан дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ- таълим дода мешавад. Зеро дар он толибилмон 8-9 сол дарси забон мехонанд. Дар донишгоҳи техникӣ бошад, барои омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамагӣ шаш моҳ дарс гуфта мешавад. Албатта ,дар ин муддат такрори прогроми макотиби таҳсилоти умумӣ имконнопазир аст. Сабаби асосӣ бо заминаи номукамали дониши забонӣ ба саҳни мактаби олӣ қадам гузоштани шогирдон аст. Воқеан мушоҳида ва хулосабарориҳои профессор К.Каримов дурустанд. Вале барои дарёфти ҳалли мушкилот чӣ бояд кард? Дар сурате ки забони тоҷикӣ забони давлатист, духтурон, меъморон, муҳандису технологҳои маълумоти олидор ба забони тоҷикӣ озодона гуфтугӯ ва навишта натавонанд, айби хеле калон аст. Аз ин нигоҳ ба Вазорати маориф ва илм лозим меояд, муамморо бознигарӣ карда, дар ҳамаи донишгоҳҳо миқдори омӯзиши фанни забони тоҷикиро зиёд намояд.Дар ин иртибот шоир беҳуда нагуфтааст: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.