Нигаронии Шарофзода аз кам кардани соатҳои омӯзиши дарси забони давлатӣ3-02-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 587 нафар
Назарҳо: 0
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кам кардани соатҳои омӯзиши дарси забони давлатӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Дар семоҳаи охири соли гузашта, мутобиқи фармоиши раиси Кумита вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати забони давлатӣ, 21 донишгоҳу донишкадаҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Санҷиш нишон дод, ки 140 соатҳои омӯзиши дарси забони давлатӣ ба ҳаҷми 64 соат расонида шудааст, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи савияи донишҷӯён кофӣ нест».
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 3-юми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ инчунин зикр кард, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки аз диктанти санҷишии гирифта шуда дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе, ки беш аз 473 нафар иштирок доштанд, 80 фоизи донишҷӯён баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд. Вай ҳамчунин мегӯяд, дар соли 2016 ният доранд, ки чунин санҷишҳоро тавассути иншо баргузор кунанд. Г. Шарофзода як сабаби асосии аз санҷиш нагузаштани донишҷӯёнро ба кам будани соатҳои омӯзиши дарси забони давлатӣ дар макотиби олии кишвар рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд ба хотири барқарор намудани соатҳои омӯзиши дарси забони давлатӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд ва умедворанд, ки 140 соати қаблӣ барои омӯзиши дарси забони давлатӣ барқарор хоҳад шуд. Вай ҳамзамон зикр кард, ки назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то ҳол аз ҷониби роҳбарони аввали муассисаҳои олии шаҳри Душанбе пурра ҳалли худро наёфтааст. ©Ибодуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.